ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Имрӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Порис оид ба масъалаҳои сулҳ, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, ширкат.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои иштирокчиро президенти Фаронса Эммануэл Макрон истиқбол гирифтааст.
Ҳамоиши Порис оид ба масъалаҳои сулҳ — иттиҳодияи мустақил ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Он ҳамчун платформаи ҷаҳонии муҳокимарониҳои сатҳи баланд тариқи пешбурди муколамаи мустақим миёни шахсони расмӣ ва намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ доир гардидааст.
Гуфта мешавад, ки ширкаткунандагон роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли коҳиши ташаннуҷи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ, аз қабили идоракунии глобалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки иншооти мероси умумиҷаҳонӣ, танзими байналхалқии соҳаи киберӣ, муқовимат ба қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳо табодули андеша кардаанд.
Дар ҳамоиш оид ба масъалаҳои сулҳ беш аз 30 роҳбари давлату ҳукуматҳо аз кишварҳои Урупову Амрико ва Осиёву Африқо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои дунё ширкат карданд.
Дар доираи ин форум ҳамасола лоиҳаҳо ва консепсияву ташаббусҳо муаррифӣ хоҳанд шуд, ки ба таъмини мусоидати мушаххас ба ҳамкории густурдаи байналмилалӣ оид ба масоили глобалӣ, рушди ҷаҳонишавии одилона ва низоми муассиртари бисёрҷониба нигаронида шудаанд.
Ҳамоиши имсола дар соҳаҳои гуногун 6 бахши мавзӯии сулҳ ва амният, муҳити зист, рушд, технологияҳои нав, иқтисоди инклюзивӣ, фарҳанг ва маорифро дар бар гирифта, 150 лоиҳаи пешниҳодшуда баррасӣ мегарданд.
"Дар доираи кори Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Форуми сулҳи Париж, Директори фахрии пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии “Аврупои мо” ҷаноби Паскал Ламӣ, президенти Фаронса Эммануэл Макрон, президенти Кипр Никос Анастасиадес, президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйн мулоқот кард", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки дар мулоқот масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният, ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаҳои гуногуни барои ҷонибҳо манфиатовар, муносибатҳои ҳамкории дуҷониба ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардидаанд.