Чӣ гуна духтарчаи дусола аз дохили ҳаммоми дарбаста наҷот дода шуд

CC0 / Pixabay / Маленькая девочка
Маленькая девочка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе духтарчаи дусола аз дохили ҳаммоми дарбаста аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода наҷот дода шуд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар боз кардани чанд  дари баста кумак расонанд.

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, шаби 10-уми ноябри соли 2019 дар Қисми навбатдории КҲФ сокини ноҳияи Синои пойтахт муроҷиат кардааст.

Зинда монд: кӯдаки тоҷик аз ошёнаи 17- ум ба замин сарозер шуд

"Зани ҷавон бо як изтиробу нигаронӣ хабар дод, ки бо сабабҳои барояш номаълум  дари ҳаммоми хонааш баста шудаасту дохили он духтарчаи дусолааш мондааст", - гуфтааст зан..

Манбаъ афзуда, ки зан ҳарчанд талош кардааст, дарро боз кунад, кғшишаш бенатиҷа будааст.

"Наҷотдиҳандагони Дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе дар кутоҳтарин фурсат худро ба суроғаи номбурда расонданд ва дарро бе ягон осеб кушода, тифлакро солим ба модараш доданд", - омадааст дар хабарнома. 

Ҳамчунин, шаби гузашта, дар ошёнаи шашуми бинои бисёрқабата, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз беэҳтиётии сокинон дар баста шудааст ва онҳо мустақилона натавонистаанд онро боз кунанд.

Шейх и таджикская девочка - Sputnik Тоҷикистон
Лаҳзаи ҳассос: духтарчаи тоҷик ҳокими Дубайро барои наҷоташ оғӯш кашиду бӯсид - аксу видео

Куштори мудҳиши модари ҷавон ва духтарчаи 6-сола дар Суғд: шарҳи ВУД

Кормадони КҲФ баъди даъват фавран ба маҳал расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд ва имкони вуруди сокинонро фароҳам оварданд. 

Садамаи маргбор: духтарачаи 4 сола зери чархи мошин ба ҳалокат расид

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат менамояд, ки дар сурати рух додани ҳолати фавқулода бо телефонҳоим 112 ва ё 93 880 28 19 хабар расонанд.

Лентаи хабарҳо
0