Раисиҷумҳури Қирғизистон 9 додраси нав таъйин ва номзадии 5-и дигарро рад кард

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкПрезидент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯро оид ба интихоби додрасҳо ба раисиҷумҳури Қирғизистон номзадии 14 додрасро пешниҳод кард. Бо бархе аз онҳо президент шахсан мусоҳиба гузаронид

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Президенти Қирғизистон қарор дар бораи таъйини додрасҳои додгоҳҳои маҳаллиро имзо кард.

Бино ба гузориши Sputnik Қирғизистон Шӯро оид ба интихоби додрасҳо ба раисиҷумҳури Қирғизистон номзадии 14 додрасро пешниҳод кард. Жээнбеков бо бархе аз онҳо шахсан мусоҳиба гузаронидааст.

"Дар мувофиқа бо натиҷаи мусоҳиба ва пешниҳоди маводҳои иловагӣ президент номзадии нӯҳ додраси пешниҳодшударо қабул кард. Дар паи омӯзиши ҳуҷҷатҳо ва маводҳои панҷ номзади дигар президент розигӣ надода онҳоро ба Шӯро оид ба интихоби додрасҳо, бозгардонид", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тавр, бо имзои қарор аз ҷониби президенти Қирғизистон нӯҳ додраси нав таъйин шуданд.

  • Гулсун Арзиқулова додраси додгоҳи вилояти Норин;
  • Бакит Иброимов ва Марсел Кенжеев дар вилояти Талас:
  • Мирбек Саторбек уулу додраси додгоҳи ноҳияи Кемини вилояти Чуй;
  • Алайбек Кожомқулов додраси додгоҳи Олойи вилояти Ош;
  • Тилек Бакалбоев додраси додгоҳи Араваи вилояти Ош;
  • Қанотбек Бозорбоев дар ноҳияи Қара-Қулҷини вилояти Ош;
  • Азамат Абдираев додраси додгоҳи ноҳияи Ноокати вилояти Ош;
  • Эрмек Раимқулов дар ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ош.
Лентаи хабарҳо
0