https://sputnik.tj/20191111/Dukhtarro-partovgoh-burd-jazoi-pranker-sanjishi-sadoqati-dustdoshta-video-1030196789.html
Духтарро ба партовгоҳ бурд: ҷазои пранкер барои “санҷиши садоқати дӯстдухтар”-видео
Духтарро ба партовгоҳ бурд: ҷазои пранкер барои “санҷиши садоқати дӯстдухтар”-видео
Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе навореро, ки дар он Аҳлиддин Беқулов, блогери ҷавон барои санҷиши “садоқати дӯстдухтар”, ӯро ба мулоқот ба партовгоҳи... 11.11.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-11-11T14:04+0500
2019-11-11T14:04+0500
2021-04-19T16:37+0500
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103019/67/1030196755_0:17:1025:596_1920x0_80_0_0_20317de3bfca66b11426c8ed2f573857.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103019/67/1030196755_0:0:1025:643_1920x0_80_0_0_0d95791ad2b90948cd5e0bd43683fb73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, мусобиҷаи блогерон, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, мусобиҷаи блогерон, дар тоҷикистон
Духтарро ба партовгоҳ бурд: ҷазои пранкер барои “санҷиши садоқати дӯстдухтар”-видео
14:04 11.11.2019 (Навсозишуда: 16:37 19.04.2021) Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе навореро, ки дар он Аҳлиддин Беқулов, блогери ҷавон барои санҷиши “садоқати дӯстдухтар”, ӯро ба мулоқот ба партовгоҳи умумишаҳрӣ мебарад, санҷидаст
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ як нафар блогер “пранк”-еро нашр кард, ки дар он дӯстдухтарашро ба мулоқот даъват карда, гӯиё барои санҷиши садоқаташ чашмонашро баста, ба партовгоҳи умумишаҳрӣ мебарад.
Дар навор омадаст, ки баъди кушодани чашмон, ҷавондухтар худро миёни партовгоҳ ёфта, бо хондани лаънат ба ҷавон аз ҷои сабти навор фирор мекунад. Блогер дар охири навор ин фирорро ҳамчун адами садоқат арзёбӣ кардааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҷавонро барои ин кораш мазаммат карда, бархе аз корбарон хостанд, милиса ин амали блогерро бисанҷад.
Мақомоти умури дохилии Душанбе муайян кардааст, ки ҷавони дар навор инъикосёфта, Беқулов Аҳлиддин Ҷурабекович, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе ва ҷавондухтар Моҳрӯи Зиёдуллаеваи 21-сола, сокини пойтахт мебошанд.
“Зимни пурсиши номбурдагон муайян карда шуд, ки навори мазкур бо иҷозат ва хоҳиши худи ҷавондухтар сабт шуда, мехостаанд бо ин роҳ машҳур ва бо гузоштани он дар сомонаҳои иҷтимоӣ маблағ ба даст оваранд”, - иттилоъ дод раёсати умури дохилии Душанбе.
Манбаъ таъкид кард, ки нисбати ҷавонписар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.