Абдуллозода бо сафири Покистон тавлиди либосҳои варзиширо баррасӣ кард

© © Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан Ахтам Абдуллозода
Председатель Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан Ахтам Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумат ва ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо сафири навтаъини Покистон дар Душанбе мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Аҳтам Абдуллозода бо Имрон Ҳайдар, сафири нави Покистон дар Тоҷикистон густариши ҳамкориҳо дар умури ҷавонону варзишро баррасӣ намуд.

Председатель Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан Ахтам Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон хостори тақвияти ҳамкорӣ бо ҷавонони Ҳиндустон шуд

“Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, иштироки дастаҳои мунтахаби варзишии ҷонибҳо дар чорабиниҳои доиршавандаи ду давлат ва дигар масъалаҳои марбут ба ин самт андешаҳояшонро баён доштанд”, - омадааст дар иттилои Кумитаи миллии олимпӣ.

Манбаъ афзуд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ бо федератсияҳои варзишӣ, муассисаҳои варзишӣ, баргузории фестивалҳои варзишӣ ва таъсиси корхонаи истеҳсоли либосҳои варзишӣ баррасӣ гардиданд.

Кумита таъкид намуд, ки ҳар ду ҷониб густариши масъалаҳои мазкурро барои тақвияти ҳамкориҳо дар самти варзиш ва дӯстии ҷавонону варзишгарони ҳар ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0