Савдо осонтар мешавад: оғози кори Равзанаи ягона барои воридоту содироти мол

© © Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Мехргон
Торговля на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе давраи пилотии Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Равзанаи ягонаи содиротию воридотӣ, намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок доштанд.

Созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати “Талко”-и Тоҷикистон ва ширкати фаронсавии “Fives” - Sputnik Тоҷикистон
Чархболҳо, маркази савдо дар Суғд ва созишномаи 200 миллион евроӣ: натиҷаи мулоқоти Париж

Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар маросими мазкур изҳор доштааст, ки  раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мақомоти давлатиро муваззаф намудааст, то барои суръат бахшидани роҳандозии технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Завқӣ Завқизода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, гуфт, Равзанаи ягона барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соддагардонии савдо, кам намудани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ ва даромади иловагӣ ба буҷет нақши муҳим хоҳад бозид.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо зикр намудаст, ки бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, “Консепсияи ташаккули Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ҷумҳурӣ ва аз моҳи майи соли 2010, “Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардиданд.

Моҳи декабри 2010 дар назди Хадамоти гумруки  Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази Равзанаи ягона” таъсис ёфт, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ нигоҳдорӣ мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0