ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Отабек Умаров, домоди Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон, роҳбари Ассотсиатсияи ҳунарҳои размии омехтаи ин кишвар интихоб шуд, хабар дода шудааст дар саҳифаи ин созмон дар Instagram.
Таъкид шудааст, ки Умаров аллакай аз тамрини размикорон боздид карда, бо варзишкороне, ки дар мусобиқаи 20-уми GFC иштирок мекунанд, суҳбат доштааст. Ӯ ваъда додааст, ки барои беҳбуди вазъи варзиш ва ҷалби сарпарастон ба ин бахш чорандешиҳо хоҳанд шуд.
Аввали моҳи март Отабек Умаров роҳбари Федератсияи триатлони Узбакистон интихоб шуда шуд.
Таъинаш ба мақоми нав дар ҳолест, ки ахиран Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони ҷаҳон ва размикори шинохта гуфт, дар Тошканд Акедмияи худро ифтитоҳ мекунад, дар мусобиқаи GFC20 дар толори Humo Arena - и Тошканд иштирок мекунад. Ин мусобиқа 23 ноябри соли равон дар назар буда, муҳорибаи асосӣ вохӯрии бародарзодаи Ҳабиб бо Никита Чистяков арзёбӣ мешавад.