Тоҷирони эронӣ ба Тоҷикистон меоянд: намоиши молу колоҳои эронӣ дар Душанбе

© Sputnik / Soheil GhanbarzadehВыставка достижений народного хозяйства Ирана, проходящая в Экспоцентре Тегерана
Выставка достижений народного хозяйства Ирана, проходящая в Экспоцентре Тегерана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Панҷумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон 21-уми декабри соли равон оғоз ба кор мекунад ва он се рӯз идома хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Панҷумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 21 то 24-уми декабри имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday.

Амнистия заключенных в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ эронӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуд

Бино бар иттилои манбаъ, ин намоишгоҳ аз сӯйи Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Машҳад баргузор хоҳад шуд.

Дар ин намоишгоҳ, ки аз сӯйи Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Машҳад баргузор мешавад, ширкатҳои тавлидӣ ва фаъолони иқтисодӣ дар бахшҳои саноати ғизоӣ, беҳдоштӣ, дармонӣ, бахшҳои мухталифи тавлидӣ, мошинолоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, фарш ва лавозими хонагӣ, хадамоти фарҳангӣ  ҳузур хоҳанд дошт.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Ахиран дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Ғуломризо Шофеӣ, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии ин кишвар мулоқот карда буд.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Ғуломризо Шофеӣ, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат,  маъдан ва кишоварзии Эрон масоили сармоягузорӣ, тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Тарафҳо барои муаррифии дастовардҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, ташвиқи сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва зиёд кардани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Эрон баргузории намоишгоҳҳои тахассусии молу коло дар давлатҳои якдигар муҳим донистанд.

Ҳамчунин тасмими ҷонибҳо барои омодагии ҳамаҷониба ба ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон, ки қарор аст охири соли равон дар Теҳрон баргузор гардад, таъкид гардид.

Лентаи хабарҳо
0