Садамаи маргбор дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”

Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар бораи як садамаи маргборе, ки дар ҳудуди деҳаи Тағояки ноҳияи Спитамен рух додааст ва бар асари он ронандаи 36-сола, ба ҳалокат расидааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ҳудуди деҳаи Тағояки ноҳияи Спитамен, ки дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” воқеъ аст, мошини "Тайота Раф-4"- ба сойи обгузар чаппа шуд.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садама дар Душанбе: ҳалокату ҷароҳати мӯйсафедон аз Лахшу Тошканд

Дар натиҷаи ин садама  ронандаи 36-сола Адҳамов Соҳиб Бегмуродович сокини шаҳри Панҷакент ба ҳалокат расидааст.

Пасарбачаи 10-сола мошинро рабуд, аммо дур нарафта ба садама дучор шуд

“Рӯзи 8-уми ноябри соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота Раф-4", Адҳамов Соҳиб Бегмуродович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар ҳудуди деҳаи Тағояки ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сойи обгузар чаппа шудааст”, - таъкид намудааст ВКД Тоҷикистон.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки дар натиҷа, худи ронанда Адҳамов С.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин қазия таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0