Раҳмон дар мулоқот бо роҳбари кулли ЮНЕСКО аз ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъкид кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо роҳбари кулли ЮНЕСКО масъалаи ҳифзу гиромидошти мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷикро муҳокима кард

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Шоми 8 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Фаронса Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикстон.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.

Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти сатҳи олии Раҳмон ва Макрон дар Қасри Елисей : имзои 11 санади нави ҳамкорӣ
>

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ЮНЕСКО барои густариши ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф изҳори сипос кард.

“Зимни мулоқот  масъалаҳои ҳифзу гиромидошти мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, ба руйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани номгӯйи мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, воқеъ дар Роҳи Абрешим, муҳокима карда шуд”, таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин раисҷумҳур қайд кардааст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ — рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ, минҷумла забон, фарҳанги куҳантаърихи миллат ва анъанаву суннатҳои неки ниёгон аҳаммияти басо муҳим касб кардааст.

Тавре манбаъ зикр намудааст ҷонибҳо ҳадафи аслии ҳамкориро мусоидат ба таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори кишварҳои аъзои Созмон аз ҳисоби густариши робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг маънидод карданд.

То имрӯз номинатсияҳои “Шашмақом”, “Наврӯз” ва “Чакан — санъати гулдӯзӣ дар Тоҷикистон” ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд ва Тоҷикистон тасмим дорад, ки соли 2020- ум 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид  шуда буд, таҷлил намояд.

Мулоқот бо Шоҳзода Карим Оғохони lV  - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оқохони lV дар Фаронса
>

Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин лоиҳаҳои мазкур ба татбиқи нақшаи ҷалби сайёҳон ба кишварҳои минтақа, алалхусус Тоҷикистон, муаррифии шоистаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии кишвари мо, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла мусоидати ЮНЕСКО оид ба таҳияи стратегияи рушди таҳсилот ва такмили усулҳои омодасозии омӯзгорон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Дар ин зимн Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои махсуси ЮНЕСКО оид ба омӯзиши пиряхҳо ва обистифодабарӣ, ҳамчунин захираҳои биосфера тақвият бахшида шаванд”, қайд намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Дар робита ба ин атрофи мушкилоти рӯзмараи ҷаҳонӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои манфии он мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми Эмомалӣ Раҳмон роҳбари кулли ЮНЕСКО-ро ба амал Тоҷикистон даъват кард.

Лентаи хабарҳо
0