ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ахиран дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи ботантанаи Маркази ҷашнӣ ба муносибати 150-умин солгарди Маҳатма Гандӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх дар вазъи тантанавӣ лентаи рамзиро бурида, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар ҳамоиши фарҳангӣ намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилотҳо, мақомоту идораҳо ва дӯстдорони фарҳангу ҳунари ҳинд иштирок намуданд.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни маросими ифтитоҳ аз Маҳатма Гандӣ, ки ӯ ҳамчун падари миллати Ҳиндустон номида мешавад ва инчунин аз муносибатҳои неки фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон, ки сол то сол рушд меёбанд, ҳарф зад.
“Маҳатма Гандӣ як шахсияти машҳур ва бузурги ҷаҳон, сиёсатмадор аст, ки ҳам дар тӯли ҳаёташ ва ҳам пас аз маргаш ба туфайли асарҳои навиштааш ба сиёсатмадорони муосир таъсири мусбат мерасонад. Ҳиндустон аз зумраи давлатҳои бузурги ҷаҳон аст, ки баҳри рушди маънавӣ, ғанӣ гардидани ганҷинаи тамаддуни башарият хизмати арзанда кардааст”, - иброз доштааст Шамсиддин Орумбекзода.
Дар навбати худ, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх аз нақши Маҳатма Гандӣ дар дирӯзу имрӯзи Ҳиндустон қайд кард.
Баъдан ҳозирин аз намоише, ки рӯзгори Маҳатма Гандӣ ва зиндагии мардуми ҳиндро дар тӯли таърих инъикос карда буд, дидан намуданд.