Эълони озмуни "Беҳтарин акси Эмомалӣ Раҳмон": ҷоиза аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ - навор

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВручение картины Президенту во время открытия дворца культуры
Вручение картины Президенту во время открытия дворца культуры - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон гурӯҳи ҷавонони “Авангард” эълон намудааст, ки озмуни ҷумҳуриявиеро зери унвони "Беҳтарин акси Пешвои миллат" роҳандозӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Гурӯҳи ҷавонони “Авангард” бахшида ба рӯзи Президенти Тоҷикистон, ки 16-уми ноябр таҷлил мегардад, барои кулли ҷавонони кишвар озмуни ҷумҳуриявиеро зери унвони "Беҳтарин акси Пешвои миллат" эълон намудааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на стройке Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тӯй дорад: Рӯзи Президент ва ифтитоҳи чархаи аввали "Роғун"

Бино бар иттилои масъулини гурӯҳи мазкур, дар ин озмун тамоми ҷавонони кишвар новобаста аз кору фаъолияташон, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ саҳифа доранд, метавонанд иштирок намоянд.

Тибқи шарти озмуни мазкур ҳар як ҷавоне, ки дар ин озмун иштирок мекунад бояд як акси Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистонро, ки аз нигоҳи ӯ зеботарин аст, дар саҳифаи иҷтимоии худ ба монанди (Facebook, vkонтакте, ok.ru, Instagram,) гузошта, зери он акси маълумоти муфассалро иброз намояд.

Ҳамчунин гурӯҳи “Авангард” эълон намудааст, ки барои ғолибони ин Озмун ҷойҳои ифтихорӣ аз ҳисоби гурӯҳи ҷавонони “Авангард” маблағҳои пулӣ ҷудо шудааст, ки дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон супорида мешавад.

Тибқи маълумоти манбаъ, ба ғолиби ҷои аввал соҳиби 5000 сомонӣ, ба  ғолиби ҷои дуввум соҳиби 3000 сомонӣ ва ба ғолиби ҷои сеюм соҳиби 2000 сомонӣ супорида мешавад.

Озмун то 15 ноябр соати 10:00 ҷамъбаст мегардад ва аз тарафи комиссияи тадорукотии Озмун ғолиб эълон карда мешавад.

Ҳамзамон масъулини “Авангард” зикр намудаанд, ки акс ва матн аз дигар иштирокчӣ набояд руйбардор шуда бошад.

“Таърихи рўз соат ва дақиқаи гузоштаи иштирокчӣ ба инобат гирифта мешавад. Ҳар нафаре ки акс пешниҳод мекунад бояд ному насаби пурра ва дар саҳифааш гузошта бошад. Сомонаҳои сайтҳои дурӯғин (фейкҳо) қабул карда намешаванд”,- илова кардааст масъулини гурӯҳи “Авангард”.

Лентаи хабарҳо
0