ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Кормандони милитсия Тоҷикстон дар шаҳри Ҳисор ноболиғи 16-сола, ки дар дуздии 12 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад боздошт намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 49-солаи сокини деҳаи Ҳамдилони ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри мазкур муроҷиат намуд.
Дар шикояти номбурда қайд шудааст, ки рӯзи 8-уми ноябри соли равон, тахминан соати 09:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 12 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Кормандони милитсия дар пайи ҷустуҷӯӣ як ноболиғи 16-солаи сокини деҳаи Ҳамдилонро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
ВКД ҶТ ба хонаводаи навраси шиканҷашуда 300 ҳазор сомонӣ медиҳад
Тавре масъулини ВКД Тоҷикистон қайд намуданд, дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.