Баргузории Ҳафтаи филмҳои русӣ дар Душанбе

© Sputnik / Артем Житенев / Гузариш ба медиабонкБабина со старой кинопленкой. Архивное фото
Бабина со старой кинопленкой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон эълон намудааст, ки дар дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе аз 16 то 20 ноябр Ҳафтаи филмҳои русӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ҳафтаи филмҳои русӣ бо ташаббусу дастгирии Вазорати фарҳанги Русия, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ФЕСТСИНЕМА” ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон баргузор мегардад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон.

Как проходит в Душанбе кинофестиваль Дидор - Sputnik Тоҷикистон
Синамобазми байналмилалии "Дидор" дар Душанбе - навор

Бино бар иттилои манбаъ, қарор аст, дар ин рӯзҳо филмофарони рус дар Кохи кино, воқеъ дар кинотеатри “Зебуниссо” ба бинандаҳои тоҷик филмҳои наверо, ки маънии баланди фарҳангию иҷтимоӣ доранд, намоиш диҳанд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ҳадафи баргузории ҳафтаи мазкур ҷалби тамошобинон ба кинои  рус ва густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни Русияву Тоҷикистон будааст.

Дар доираи барномаи мазкур филмҳои “Замоне дар Трубчевск”(коргардон Лариса Садилова, 2019), “Одесса” (коргардон Валерий Тодоровский, 2018), “Якшанбе” (коргардон Светлана Проскурина, 2019), “Керосин” (коргардон Юсуф Розиқов, 2019), “Ин доимӣ нест” (коргардонҳо Евгения Яскина ва Алёна Рубинштейн, 2019) ва “Хоҳарак” (коргардон Александр Галибин, 2019) намоиш дода мешаванд.

Дар Душанбе дар доираи Ҳафтаи филмҳои русӣ вохӯрии эҷодӣ бо синамогарони машҳури рус ва намоиши шаш филми русӣ дар Хонаи –кино  “Зебунисо”, ки  дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ 131 воқеъ аст, дар назар дошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0