ВУД дар бораи шахсияти ҳамлагарон: занон низ ҳастанд, тоҷикистониянд

© МВД Республики ТаджикистанКадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе
Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси иттилои пешакӣ ҳамаи ҳамлагарон ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар марз бо Узбакистон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik.  Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси иттилои пешакӣ ҳамаи ҳамлагарон ба дидбонгоҳи марзӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ӯ тасдиқ кард, ки миёни кушташудаҳо ва боздоштшудаҳо занҳо низ ҳастанд.

Погибший пограничник Изатуллои Абубакр с отцом - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати марзбон - писари мулло Абубакр ва нозири минтақавӣ дар ҳамлаи "ДОИШ"-аксҳо

“Айни ҳол таҳқиқ аз ҷониби Додситонии кул идома дорад. Дар назар аст, ки шахсияти ҳамаи аъзои гуруҳ пурра то охири рӯз мушаххас шавад”, - иттилоъ дод Умарҷони Эмомалӣ.

Дар мавриди реҷаи хидмати мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ҳолати саддарсадии омодабоши ҷангӣ эълон нашудааст. Ӯ афзуд, ки тадобири амниятӣ таҳким ёфтаанд, мақомот, на дар ҳолати гӯем садфоизаи омодабош, балки 50 дарсадӣ хидмат бурда истодаанд.

КДАМ: ҳамлагарон “ДОИШ”-иянд, аз Афғонистон ворид шудаанд

Қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, ки шаби 06-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод” ҳамла карданд, ҳама аъзои “ДОИШ” буда, шаби 3-юми ноябр аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд.

Ҳабдаҳ кушта: ҳамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон-акс

ВУД иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи амалиёт 15 узви гуруҳи мусаллаҳи ҳамлагар кушта, 4 автомашинаи онҳо нобуд карда шуд. Боқимонда 4 нафар аъзои гурӯҳ ба ҷониби деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор намуданд, ки дастгир шудаанд.

Мақомот иттилоъ доданд, ки зимни амалиёти муташаккилона 1 нафар хизматчии Қушунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расиданд.

Лентаи хабарҳо
0