Дар Соли нави 2020 инсоният ба давраи нави таърихӣ қадам мегузорад. Дар асоси тақвими шарқӣ муши сафед ба даври мучал, ки 12 солро ташкил медиҳад оғоз мебахшад. Имсол аз рӯи ҳисоби мучал соли хук аст, ва соли фарорасанда муш мебошад.
Дар умум мегӯянд, ки рушду тамаддуни дунё вобаста аз он аст, ки чӣ гуна соли муш, ҳамчун ифтитоҳгари даври нави мучал оғоз меёбад.
Моро чун ҳамешагӣ ҳисси кунҷковиамон фаро мегирад, то бидонем дар соли 2020, яъне соли муш моро чи интизор аст.
Соли 2020 бо муши сафед меояд
Муш авалин ҷонвар дар толеънома чинӣ мебошад. Махсусан он аз миёни ҷонварони толеънома дорои эҳтироми махсус ҳисобида мешавад. Рамзи соли дар пешистода – муши сафед – соҳиби заковат ва ҳисси баланд дониста мешавад.
Мушҳо аслан зираку доно ва ҳушёр мебошанд ва ҳамчунин дорои тактикаю стратегияи махсус дар олами худ мебошанд.
Бояд гуфт, ки соли муш ва соли нави 2020 мувофиқи тақвими чинӣ на 1-уми январ балки 25 январ фаро мерасад ва то 11-уми феврали соли 2021 идома мекунад.
Рамзи соли 2020 ин металл ва ранги сафед дар симои муш аст. Металл маводи сахт ва иникосгарӣ матонату устуворӣ, пурқувватию тобоварӣ ва сахтӣ мебошад. Ранги сафед бошад, рамзи покию доногӣ, ҳақиқату некукорӣ мебошад. Вобаста аз ин чунин муш метавонад бо ноадолатӣ ва сахтиҳои зиндагӣ мубориза барад.
Ба ин хотир рамзи соли 2020, яъне муши сафед ба онҳое, ки аз таҳти дил меҳнат мекунанд ва аз покию некукорӣ истифода мебаранд бурдбориҳо меорад. Ҳамчунин онҳое, ки бо роҳҳои нопок соҳиби чизе шаванд ба мақсадашон намерасанд.
Чиро аз соли 2020 интизор шудан мумкин
Толеъномаи чинӣ пешгӯи мекунанд, ки боҳамоии соли муш ва метал ба ашхоси аз таҳти дил меҳнат мекардагӣ бурдбориҳо меорад.
Онҳое, ки мехоҳанд доро шаванд ва дар ҷомеа ҷои намоёнро ишғол кунанд, агар кӯшиш кунанд муваффақ мегарданд.
Ҳамчунин рамзи мушу метал дар ин сол сабаб мегардад, ки одамон дурбин ва пуртоқат бошанд.
Мушҳо дорои хотираи бисёр қавӣ мебошанд ва хурдтарин ҳолатро метавонанд дар худ сабт карда дар мавриди лозима ба кор баранд. Он дар ҳама ҳолат дорои энергияи хос буда дар як вақт чанд корро метавонад иҷро намояд.
Мушҳоро чизе омузонидан ва ё бо чизе бовар кунонидан бисёр мушкил ва ҳатто дар бисёр ҳолат номумкин аст. Муш дар ҳама ҳолат нуқтаи назари худро дорад ва аз маҳорату малака ва зиракии худ истифода мебарад. Ҳамчунин мушҳо бисёр худхоҳ (эгоизм) мебошанд.
То ҷое, ки муши сафед рамзи ишқу муҳаббат ва диққат аст дар соли 2020 муносибатҳои наздикро бояд дар заминаи садоқату боварӣ асос бахшид. Инчунин мушҳо дӯст намедоранд вақте, ки одамон чизеро аз якдигар пинҳон мекунанд.
Бигузор садоқат ва вафо барои инсонҳо дар Соли нав дар ҷои аввал ва доимӣ бошад. Аммо то ҷое, ки табиати метал хунук аст ва отрофиёнро сард мекунад муносибатҳои ошиқона оҳиста оҳиста ба ҳаракат медароянд.
Дар соли 2020 хурсандиовар он аст, ки одамон кам ба касалиҳо гирифтор мешаванд ва саломатияшон хуб бюоқӣ мемонад. Коршиносон тавсия медиҳанд, ки дар инсол бояд фаъол буд, ба варзиш машғул шуд аз маконҳои истироҳат бештар берун шудан лозим.
Чихел Соли нав-2020 бояд пешвоз гирифт
Новобаста аз он, ки муш ҳама чизро ба хонааш кашида мебарад, аммо дар хонааш бенизомиро хуш надорад. Ҳамеша тартиботро дар хонааш нигоҳ медорад, чизҳои қимматбаҳоро нигоҳ дошта нолозимҳоро берун мекунад.
Ҳатто барои муш ҳам тоза ва ба тартибот даровардани хона дар Соли нав дар ҷойи аввал аст. Барои ҳамин Соли навро бояд бо тартиботу тозагӣ дар хона пешвоз гирифт. Ҳамчунин тирезаҳоро, ки ба воситаи онҳо рушноӣ вориди хона мегардад бояд тоза кард.
То ҷое, ки мушҳо хонаҳои худро дӯст медоранд беҳтар аст Соли нави 2020-ро дар хона пешвоз гирифт. Аммо аз тарафи дигар мушҳо маҳзунию ғамгиниро дӯст намедоранд ва барои онҳо шурӯ ғавғо завқовартар аст.
Вобаста ба рангҳо барои таҷлили Соли нав бояд қайд кард, ки рамзи ин сол яъне муши сафед бештар рангҳои бур, сафед ва сиёҳро дӯст медорад. Аз рӯи ин рангҳо метавон бо истифода аз матоъҳо гулкориҳои солинавӣ офарид.
Ҳамчунин барои орою торо метавонанд нақшу нигорҳои металию нуқрагӣ истифода шаванд.
Хӯришҳои солинавӣ метавонанд гуногун бошанд ва ҳар халқу миллат аз рӯи урфу одати худ дастархон меорояд. Муҳим он ки дастархон пур ва дорои ғизоҳои калориядор бошад.
Чун муши сафед панирро нағз мебинад будани панир дар дастурхон бисёр ба маврид аст.
Соли кабиса – 2020
Соли нави дар пешистода соли кабиса мебошад, яъне дар тақвими сол 1 рӯз зиёд шуда ба 366 рӯз баробар мешавад. яъне дар соли кабиса феврал 29 рӯз мебошад, ки ин воқеа дар 4 сол як маротиба рух медиҳад. Ҳамин тариқ шахсоне, ки дар ин рӯз таваллуд мешаванд маҷбуранд дар 4 сол як маротиба мавллуди худро ҷашн бигиранд.
Ба ақидаи ситорашиносон дар соли кабиса воқеаҳое рух медиҳанд, ҳеҷ кас интизорашон нест.
Аммо набояд воқеаҳои манфиро интизор шуд, баракс метавон интизори хубиҳо шуд. Муҳим он, ки дар ин сол бояд одамон дар ҳама ҳолат фаъол ва чусту чолок бошанд.
Ҳамчунин ситорашиносон бар онанд, ки соли 2020 барои ақди никоҳ бастан ва фарзанд ба дунё овардан бисёр мувофиқ мебошад.