ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса марди 51-сола, сокини кӯчаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда, санаи 6 ноябри соли 2019, тахминан соати 15:20-дақиқа, ҳангоми дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кӯлоб, ҷанҷол карда, ӯро корд задааст”, - иттилоъ дод ВУД.
Манбаъ тавзеҳ додааст, ки марди 51-сола бе ягон асос бо марди 40-сола ҷанҷол намуда, бо корди ошхонагии дар дасташ буда 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синааш задааст.
Муроҷиати ВУД ба сокинони Душанбе: падарону модарон, фарзандони худро назорат кунед
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.