Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шаби 6 ноябри соли 2019 соати 03:23 дақиқа гурӯҳи мусалаҳи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и "Ишқобод"-и қисми ҳарбии отряди "Султонобод" ҳуҷум карданд. Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишони (АКМ)-ро тасарруф намуданд.
Дар натиҷаи дунболагирӣ ва амалӣ намудани амалиёт 15 нафар аъзои ҷинояткори мусаллаҳ безарар гардонида шуда, 4 автомашинаи онҳо нобуд карда шуд. Боқимонда 4 нафар аъзои гурӯҳ ба ҷониби деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор намуданд, ки дастгир шудаанд.
ВУД таъкид кард, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои муташаккилона 1 нафар хизматчии Қушунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расид.
Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хабар дод, дар пайи пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, ки гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, ки шаби 06-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод” ҳамла карданд, шаби 3-юми ноябр аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд.
КДАМ таъкид намудааст, ки ҳамлагарон ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар Русия) мебошанд.
Рӯзҳои ахир марзи Афғонистон норомиҳои зиёде ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тавр рӯзи 30 октябри соли равон ҷангҷӯёни ҷунбиши “Толибон” (мамнӯъ дар Русия) ба вилояти Бадахшони Афғонистон ҳамла карданд. Инчунин ҷангҷӯёни ин гурӯҳ рӯзи 3 ноябр ба вулусволии Нусай низ ҳамла карданд Ҳоми 6 ноябр хабаре расид, ки “Толибон” ба марзи Тоҷикистон наздик шуданд.