Ҳодисаи сарозер шудани мусофир ба метрои "Колизей" рӯзи 3 ноябр рух дод, хабар медиҳад сомонаи RT.
Дар навор маълум аст, ки мусофир аснои гузаштан аз платформаи роҳи оҳан, ба поён сарозер мешавад, вале аз ҷой бархоста кӯшиш мекунад худро ба боло бардорад. Чун дар ин вақт қатора самти ӯ ҳаракат дошт ва бо гузашти ҳамагӣ чанд дақиқа, ин мард қариб зери қатор мемонад.
Дурбинҳо занозании қирғизҳо ва ҷавони кушташударо аз наздик ба навор гирифтанд - Видео
Ба кӯмаки мусофир як корманди метро шитофта ӯро аз марг наҷот медиҳад. Баъдан маълум гардид, ки мусофирро сардори шӯъбаи нақлиёт Ҷон Коннор наҷот додаст, ки он рӯз барои ба тартиб даровардани тамбашавии одамон дар метро пас аз тамошои футбол, омада буд.
Мусофири ба метро сарозершуда низ аз тамошои футбол баргашта ва дар ҳолати мастӣ қарор дошт.