Фоидаи буҷаи Санкт-Петербург аз гароншавии патент: 800 миллион рубл

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, арзиши патент барои муҳоҷирон дар шаҳри Санкт- Петерблург ба 4000 рубл боло бурда шавад

ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Ҳукумати Санкт - Петербург тасмим гирифтааст, арзиши патент барои муҳоҷирони кориро қиммат кунад, мегӯяд роҳбари Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ Дмитрий Чернейко.

Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Собянин мехоҳад сафи муҳоҷирони патентдорро бештар кунад

Ба гуфтаи Чернейко, интизор меравад, сар аз соли оянда нархи патент дар Санкт - Петербург барои муҳоҷирони меҳнатӣ то 4000 рубли русӣ гарон шавад. 

Нархи патент аз соли 2020 боз гаронтар мешавад

Роҳбари Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, ки гароншавии арзиши патент метавонад ба буҷаи шаҳр наздики 800 миллион рубл фоида ворид кунад.

Гузашта аз ин, номбурда илова намудаст, ки то охири соли равон, 250 ҳазор патент ба муҳоҷирони корӣ дода мешавад. Зикр мегардад, ки аз ин миён 25 дарсади онҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва 70 фисади дигар ба шаҳрвандони Узбакистон тақсим мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Ҳукумати Маскав низ эълом кард, ки арзиши патент барои муҳоҷирон сар аз соли оянда рӯ ба гароншавӣ мениҳад.

Ихроҷ, нархи гарони патенту қонунҳои нав: Чудиновских гуфт, Русия монеа насозад

Ҳамакнун нархи патент аз 5000 рубли русии феълӣ то 5350 рубл гаронтар мешавад. Гарон намудани арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав давоми ҳар сол ба ҳукми анъана даромадаст.

Лоиҳаи қонун дар Қирғизистон: тоҷикистониён барои кор патент гиранд

Агар соли 2018 арзиши Патент 4500 рубл буд, бо гузашти ҳамагӣ ду сол онро то 5350 рубл қимматттар намуданд.

Лентаи хабарҳо
0