https://sputnik.tj/20191105/karordod-Tojikistonu-Rusiya-hukmi-konuni-girift-1030166409.html
Қарордоди Тоҷикистону Русия ҳукми қонунӣ гирифт
Қарордоди Тоҷикистону Русия ҳукми қонунӣ гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳо байнидавлатиро дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади шинос намудани шаҳрвандон бо дастовардҳои илмӣ, иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ, фарҳангу... 05.11.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-11-05T20:02+0500
2019-11-05T20:02+0500
2021-04-19T16:37+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/75/1029427534_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_1767b308ce96c2d84b47ec61df47e2c8.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/75/1029427534_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_e16c00bbde8fb7bf201ad7ea8ccff6ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, дар русия
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, дар русия
Қарордоди Тоҷикистону Русия ҳукми қонунӣ гирифт
20:02 05.11.2019 (Навсозишуда: 16:37 19.04.2021) Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳо байнидавлатиро дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади шинос намудани шаҳрвандон бо дастовардҳои илмӣ, иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ, фарҳангу табиат ва манзараҳо густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Қарордоди Тоҷикистону Русия дар мавриди густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаи туризм, ки апрели соли равон ба имзо расида буд, ҳамакнун ҳукми қонунӣ гирифт.
Дар матни қарордод гуфта шудаст, ки Тоҷикистону Русия, ба хотири ошно намудани шаҳрвандон бо дастовардҳо дар соҳаи илму иҷтисод, фарҳангу табиат ва ҳамзамон муҷассамаҳои таърихӣ ва анъанаҳои қадимии мардум, бахши туризмро густариш медиҳанд.
Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид
Гузашта аз ин ҷонибҳо, барои тарғиби хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ ба монанди Роҳи абрешим ва дигарҳо, тавассути конфронсу форумҳо ва семинару намоишгоҳҳо мусоидат хоҳанд кард.
Қайд мегардад, ки масъулияти иҷрои ин созишнома ба зиммаи Агентии федеролии сайёҳии Русия ва Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон вогузор гардидааст.
Савори қутос: хатсайри нави гардишгарӣ дар Мурғоб
Ин қарордод ба мӯҳлати 5 сол баста мешавад ва ба таври худкор ба муддати панҷ соли минбаъда тамдид карда мешавад, агар ягон тараф тарафи дигарро дар шакли хаттӣ дар бораи нияти қатъ кардани он огоҳ накунад.