Владимир Путин мардуми Русияро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфт

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки дар таърихи кишвар давронҳои зиёде мушоҳида мешуд, ки барои ҳамагон ҳифз ва ояндаи Русия муҳим буд

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мардуми кишварашро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик карда муҳим будани ин ҷашнро қайд кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти расиҷумҳури Русия.

Роҳбари Русия қайд намудааст, ки дар таърихи кишвар давронҳои зиёде мушоҳида мешуд, ки барои ҳамагон ҳифз ва ояндаи Русия муҳим буд ва ҳамон лаҳза ояндаи кишварро ҷасорат, муттаҳидӣ ва иродаи мардум ҳал мекард.

Дмитрий Медведев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дмитрий Медведев мардуми Русияро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик кард

“Ҷашни имрӯзӣ ба рӯйдодҳое бар мегардад, ки чандсад сол пеш аз ин рух додаанд. Аммо бо гузашти ин ҳама сол қаҳрамонии миллат, ки аз меҳр ба Меҳан сарчашма гирифта ва ҳама ҷомеъаро муттаҳид карда буд, камранг намешавад. Миллат бо хезишу иттиҳод фитнаву хиёнатро аз миён бардошту хориҷиёни ғосибро аз Маскав ронд ва ҳукумати пойдоре бар по карда нагузошт, ки бегонагон кишвар ва ягонагии миллатро нобуд кунанд”- гуфт Путин.   

Инчунин, Владимир Путин ёдрас шуд, ки гузаштаҳо барои насли имрӯза  мерос гузоштанд, ки ҳамеша дар ғами Русия бошем ва истиқлолият, сулҳ ва ягонагиро дар кишвар ҳифз намоянд.

Чанде пеш мардуми Русияро бо Рӯзи ваҳдати миллӣ Дмитрий Медведев, нахуствазири русия табрик карда буд.

Ёдарс мешавем, ки Рӯзи 4 ноябри соли равон дар Русия ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Дар шаҳрҳои мухталифи Русия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниву маросимҳо баргузор мешавад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Русия ба хотири рӯйдодҳои соли 1612 созмон дода шудааст, ки он замон фронти халқӣ бо сарварии Кузма Минан ва Дмитрий Пожарский шаҳри Москавро аз интервентҳои Полша озод карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0