Ноболиғи 17-солае, ки ҳамватани худро дар муҳоҷират кушт, дар Душанбе боздошт шуд

© PixabayАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВКД мегӯяд, ки ин ноболиғи 17 рӯзи 20 октябр дар шаҳри Маскав ҳангоми муноқиша бо ҳамватани 51-солаи худ ӯро бо корд зада куштааст

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Як навраси 17-солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гумони одамкушӣ дастгир шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Витрина с сотовыми телефонами. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти 17 ноболиғ дар телефонбозори Душанбе

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда рӯзи 20 октябр дар шаҳри Маскав ҳангоми муноқиша ба як марди 51-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ӯро бо корд зада куштааст. 

“Номбурда, рӯзи 20-уми октябри соли 2019, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар вилояти Москваи Русия қарор доштанаш, бо марди 51-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, ба қисмати чапи қафаси синааш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, таъкид намудааст ВКД Тоҷикистон.

Баъди ин ҳодиса навраси 17-сола аз Маскав ба Тоҷикистон фирор кардааст.

Ба зидди навраси боздоштшуда бар асоси қисми якуми моддаи 104-и қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи тафтишотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0