Иштироки Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25 солагии қабули Конститутсия

© пресс-служба главы ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар баргузор мегардад.

Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тасдиқи сафари Раҳмон ба Аврупо: боздид аз Фаронса, Швейтсария, Чехия

Ба нақл аз хабаргузории АМИТ “Ховар”, рӯзи 6 ноябр ба қабули санади сарнавиштсози кишвар, яъне Конститутсияи Тоҷикистон 25 сол пур мешавад ва ба ин муносибат имрӯз дар пойтахти кишвар бо иштироки, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “ТоҷикТА” иттилоъ додааст, ки маҷлиси мазкур дар Кохи Борбад баргузор мешавад ва дар он роҳбарияти олии кишвар иштирок хоҳад кард.

“Ба маҷлиси мазкур аъзои ҳукумат, вакилони парлумони Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, куҳансарбозон, сафирони кишварҳои хориҷӣ иштирок хоҳанд кард”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Қарор аст, дар маҷлиси мазкур Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз нақши Конститутсия дар рушди соҳибистиқлоли Тоҷикистон суханронӣ кунад.

Ёдрас мешавем, ки Конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст.  26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0