Борони пуршиддату барф: пешгӯии обуҳавошиносони Тоҷикистон барои имрӯз

CC BY 2.0 / Jay Huang / Fresh Snow in the Bay Area Again!Область залива Сан-Франциско зимой
Область залива Сан-Франциско зимой  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон тахмин задааст, ки аз 4 то 6 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр боридани барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок  шуда, борон меборад. Дар баъз ҳолатҳо борон шиддат мегирад. Ҳаво шабона ва  рӯзона  10+12  дараҷа гарм мешавад.

Детские резиновые сапоги - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар  баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо шиддати борон дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо  шабона ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда,  борон ва барф  меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм    ва рӯзона 7+12 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8-13 дараҷа  хунук ва рӯзона 1+6  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, боридани борон ва барф  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5  ва   рӯзона    3+8  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  абрнок шуда,  борон меборад. Дар  баландиҳои зиёда 1100 метр  барфи тар меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо борони пуршиддат меборад.  Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 8+13  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона  3+8 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0