Ҳушдори вазири нақлиёт аз зимистони сард

© Фото : Мин.транспорта РТМинистр транспорта Худоёр Худоёров, архивное фото
Министр транспорта Худоёр Худоёров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни баррасии омодагиҳо ба зимистон изҳор доштаст, ки фасли сармо имсол нисбат ба солҳои қаблӣ сардтар хоҳад омад

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Худоёрзода зимни ҷаласа аз камбудию мушкилиҳои ҷойдошта барои паси сар намудани фасли сармо ҳарф зада, ҳушдор додаст, ки “тибқи пешгӯиҳо зимистони дар пешистода нисбат ба солҳои қаблӣ нисбатан сард меояд”.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Рустам Эмомалӣ барои пешгирӣ аз гарон шудани нархи картошкаву ҳезум дар зимистон

Вазири нақлиёт таъкид намудааст, ки омодагию чорабиниҳо барои зимистонгузаронӣ таҳким ёбанд.

Ба гуфтаи Худоёрзода, ҳолати роҳҳо ва кушода ё банд будани онҳо дар тамоми фасли сол, аз ҷумла, дар фасли зимистон маҳз аз корхонаҳои нақлиётӣ, хусусан аз ронандаҳо вобастагӣ дорад.

“Бисёр вақт аз сабаби пурборӣ ва омода набудани васоити нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо  аз кор монда, роҳҳоро маҳкам мекунанд. Аз ин рӯ масъулини ширкатҳо ва муассисоти нақлиётиро зарур аст, ки ба ин масъала хунукназарӣ накунанд”, - таъкид намудаст вазир.

Тафсилоти суолу ҷавоб бо вазир: аз роҳҳои пулакӣ то нақшаҳои Ҳукумат ва ниҳоди нав дар Чин

Ӯ афзудаст, ки аз ҷумла, корхонаю муассисаҳои нақлиёти автомобилиро зарур аст, ки пеш аз ҳама ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, алалхусус мусофирбарро дар ҳолати омодабош қарор дода, лавозимоти заруриро, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо ҳангоми боридани барфу борон таъмин намоянд.

Вазир тавсия додаст, ки ҳангоми фарорасии фасли тирамоҳу зимистон новобаста аз он ки воситаи нақлиёт нав аст ё куҳна, ронанда бояд ҳолати техникии онро бори дигар аз назар гузаронаду воситаи нақлиётро омода кунад.

Лентаи хабарҳо
0