ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Сироҷзода бо нашри як муроҷиатнома изҳор дошт, ки фурсат фаро расидааст, ки ҳангоми навиштани ному насаб имкониятҳои забони модарӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи номгузории миллӣ мавриди истифода қарор гирад.
“Дар 9 моҳи соли 2019 7065 нафар ному насабашонро иваз кардаанд, ки аз ин шумора 4702 нафар бо тарзи миллӣ номгузорӣ шудаанд”, - иттилоъ дод “Ховар” аз қавли сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ.
Ӯ афзудааст, масъалаи дигар, ки ҳангоми иваз кардани ному насаби шаҳрвандон ба номҳои миллӣ бояд аз мадди назар дур намонад, ислоҳи номҳои ғалат ва риояи ҳатмии имлои забони тоҷикӣ дар навишти номҳост.
Сироҷзода таъкид намудаст, номҳои зиёде мавҷуданд, ки дар навишти онҳо ҳарфи “п” бар ивази ҳарфи “ф”, “дж” ё “ж” бар ивази “ҷ” сабт шудаанд.
Кумитаи забон: Мурсал, Бибиҳамрохон, Охун ва Амелия "тоҷик" нестанд
“Масалан, Шарипов аз Шариф, Латипов аз Латиф, Зарипов аз Зариф, Орипов аз Ориф, Юсупов аз Юсуф, Ахмедов аз Аҳмад, Нигматов аз Неъмат, Маджидова аз Маҷид, Тожидинов аз Тоҷиддин, Кадырова аз Қодир ва ғайра”, - мисол овардаст сардори раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ.