ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ҳафтаи равон зимни қабули низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”, вакилони парлумон ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар навоҳии тобеи марказро ба миён гузоштанд.
Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, аз масъалагузории вакилон истиқбол карда, иттилоъ дод, ки бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ дар навоҳии тобеи марказ мавриди баррасӣ қарор дорад.
“Ҳукумат ба омӯзиши масъала машғул аст, дархостҳо баррасӣ мешаванд”, - изҳор дошт вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Феълан дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ – “Ишкошим”, “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Кӯлоб” фаъолият доранд.
Бар асоси омори расмӣ минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара” аз рӯи ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳо пешсаф буда, фаъолияти ду минтақаи дигар – “Ишкошим” ва “Панҷ” беҳбудӣ мехоҳад.
Ахиран мақомоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки иркати “Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп ИНК (СИНОКОНСТ)”-и Чин дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Маҷмааи корхонаҳои нассоҷии “Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк”-ро бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ду марҳила барои коркарди нахи пахта дар шаклҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ сохта ба истифода хоҳад дод.