Шаш ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон имсол ба Русия кӯч баст

© Sputnik / Алексей КуденкоВид на жительство иностранного гражданина
Вид на жительство иностранного гражданина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, муроҷиати тоҷикистониён барои кӯчидан ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 дарсад афзудааст

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар давоми нӯҳ моҳи соли 2019 ба намояндагии Русия оид ба муҳоҷират, беш аз нӯҳ ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат кардааст, хабар додааст ба РИА Новости раҳбари намояндагӣ Владислав Маркевич.

Маркевич қайд кардааст, ки ин нишондод дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 17 % бештар аст.

Беш аз 44 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон хостори кӯч бастан ба Русия шуданд

Ба гуфти ӯ дар доираи барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон сар аз моҳи январ то моҳи сентябри соли равон намояндагӣ беш аз 1,8 ҳазор дархостро ҳамрҳ бо аъзои хонавода наздики 7,9 ҳазор дархост қабул кардааст, ки дар қиёс бо соли 2018 -  4 дарсад бештар мебошад.

"Аз аввали ҳамин сол аз щисоби шаҳрвандони Тоҷикистон 1616 (ҳамроҳ бо аъзои оила - 6896 кас) ширкаткунандаи барномаи давлатӣ шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 - 24 дарсад бештар мебошад. Ҳамчунин аз ин ҳисоб 1428 кас ҳамроҳ бо хонавода - 5946 кас вориди Русия шудааст, ки 44% бештар мебошад", - гузориш додааст Маркевич.

Раҳбари намояндагии ВКД Русия ҳамчунин қайд кардааст, ки дархости шаҳрвандон дар доираи талаботи умумӣ пас аз баргузории машварат қабул карда мешавад. 

Паспорта РФ в процессе производства - Sputnik Тоҷикистон
Барномаи кӯчонидани ҳамватанон ё талоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандӣ

Дар баробари ин зимни қабули шаҳрвандон ба барномаи кӯчидан, талаби бозори меҳнат, омодагии касбии муҳоҷир, таҷрибаи корӣ ва маҳоарт ба назар гирифта мешавад.

Барномаи кӯчонидани ҳамватанон ё талоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандӣ

Маркевич илова кард, ки барномаи кӯчонидани ҳамватанон аз соли 2013 роҳандозӣ шудааст.

"Дар умум оғоз аз соли 2013 ба намояндагии ВКД дар Тоҷикистон беш аз 81 ҳазор кас муроҷиат карда то имрӯз 6 ҳазор кас ҳамроҳ бо хонавода 23641 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафтааст", - гуфт Маркевич.

Пештар Маркевич гуфта буд, ки дар байни ҳамаи давлатҳои ИДМ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар барномаи давлатии кӯчонидани аҳолӣ ба Русия афзалиятҳои назаррас доранд.

Ба изҳори ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи низоми будубош ва ҳуқуқи кор дар қаламрави ин кишвар аз имтиёзҳои бештар бархурдоранд.

Лентаи хабарҳо
0