Файзулло Сафарзод собиқ сардори зиндони Хуҷанд ба озодӣ баромад

© SputnikАмнистия заключенных в Согдийской области
Амнистия заключенных в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Файзулло Сафарзод, сардори пешини маҳбаси 3/3 и Хуҷанд, ки дар пайи рухдоди ошуби маҳбусон боздошт ва бо қарори додгоҳ, барои чаҳор сол равонаи зиндон шуда буд, тибқи Қонуни авф озод карда шудааст

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ба иттилоъи манбаъ аз Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия дар вилояти Суғд, Файзулло Сафарзод собиқ сардори зиндони шаҳри Хуҷанд, ки ҳукми додгоҳро дар тавқифгоҳи 9/2 и шаҳри Хуҷанд иҷро мекард, дар рӯзи  29-уми октябр дар қатори 55 айбдоршавандаю судшавандаҳои ин муассиса бар асоси тадбиқи Қонуни авф ба озодӣ баромадааст.

Зиндониёни афвшуда дар зиндони ноҳияи Ваҳдат - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари маҳбас ба маҳбас: Файзулло Сафазод ба 4 соли зиндон маҳкум шуд

Дар моҳи майи имсол, додгоҳ Файзулло Сафарзодро бар асоси ду моддаи асноди ҷиноии кишвар "сӯистифода аз мақом" ва "хунукназарӣ" муҷрим дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати чаҳор солро қарор кард.  Он замон додгоҳ ба ҳисоби Сафарзод, нисбати ҳашт корманди дигари ин муассисаи ислоҳӣ,  дуввунимсоли озодии шартӣ ҳукм намуда буд.

Маъруф Муҳаммадзода: ошӯб дар зиндони № 3 мизони ҷинояткориро афзуд

Боздошт ва ҳукми зиндонбонҳо ба ҳисоби сардори пешини муассисаи ислоҳии  3/3 и Хуҷанд дар пайи исёни маҳбусон, ки шаби 7-уми ноябри соли 2018 рух дода буд, сурат гирифт. Дар натиҷаи ошуб дар ин зиндони Хуҷанд, 25 маҳбус ба ҳисоби 2 зиндонбон кушта шуданд.

Мақомот рухдоди ошӯб дар зиндонро кори дасти маҳбусоне шарҳ медоданд, ки бо ҷурми пайравӣ ба узвияти гурӯҳҳои тундрав маҳкум ба зиндон шудаанд.

Раҳмон: маҳбусон заҳролуд шуданд, онҳоро ҳеҷ кас лату кӯб накардааст

Бар асоси Қонуни авф, дар рӯзи 29-уми октябр 55 айбдоршаванда ба ҳисоби 9 зан ва 1 ноболиғ аз тавқифгоҳи шаҳри Хуҷанд, 142 зиндонӣ аз муассисаи ислоҳии низомаш сахти 3/3 ва 434 маҳбус аз муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯри 3/5 шаҳри Хуҷанд ва даҳҳо нафар аз тавқифгоҳи шаҳри Истаравшан ва муассисаи ислоҳӣ дар ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд авф карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0