ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Бахтиёр Усмонов шаҳрванди 10 - солаи Тоҷикистон дар қатори 19 кӯдаки қаҳрамон аз ҷониби Ҳукумати Русия, дар Маскав қадрдонӣ гардид.
Дар баробари нишон барои ҷасорат ба Бахтиёр аз ҷониби Шӯрои федератсияи Русия ҳадяҳо тақдим шуд ва қаҳрамони хурдсолро мудири Росгвардия генерал Виктор Золотов қадрдонӣ кард.
"Мо аллакай бори шашум маросими расмии тақдими ҳадяҳо ба қаҳрамонони хурдсолро баргузор мекунем. Онҳое, ки дар лаҳзаи мушкили ҳаёт худро гум накарданд ва ҷасорату мардонагӣ нишон доданд. Далериҳои кӯдакони мо аз назари Ҳукумат дур намемонад. Мо бо шумо ифтихор дорем ва барои далериҳоятон ба шумо изҳори миннатдорӣ мекунем. Қаҳрамон шудан кори осон нест, вале дар зиндагӣ қаҳрамон будан аз он мушкилтар аст. Шумо барои ҳамсабақони худ акнун намунаи ибрат ҳастед ва бояд дар хотир дошта бошед, ки аз шумо ибрат мегиранд ва шумо бояд доим беҳтарин бошед, - қайд кард Матвиенко.
"Вақте ман пас аз як рӯзи ҳодиса ба мактаб рафтам, маро ҳама муборакбод гуфтанд: муаллимон, ҳамсинфон. Гуфтанд: "офарин, Бахтиёр!, Марди воқеъӣ!", на ҳар писар ба чунин қаҳрамонӣ қодир аст, дигар кас метавонист тарсида гурезад", - гуфт Бахтиёр дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Маросими қадрдонӣ аз қаҳрамонони хурдсол рӯзи 1 ноябр дар Маскав баргузор шуд. Барои кӯдакон барномаи хубе ташкил шуд: кӯдакон аз осорхонаи Кремл, Майдони Сурх, Палатаи аслиҳа ва Океанариум боздид карданд.
Бахтиёр аз як ҳодисаи нохуш пешгирӣ кард, ки оқибати он бояд ба марги дӯсташ анҷом меёфт.
Ҳодиса рӯзи 27 май дар кӯчаи Дежнёви Хабаровск рух дод. Слава дӯсти Бахтиёр, ҳангоми бозӣ ба чоҳи оби ҷӯш афтид, аммо ин кӯдаки тоҷик ӯро берун кашида наҷот дод. Бадани Слава 40 дарсад сӯхта буд ва дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфт.
Ба нақли Бахтиёр, Слава хост аз болои чоҳи оби ҷӯшида, ки бо тахта пӯшида шуда буд, биҷаҳад, аммо пешпо хӯрду ба даруни он афтид. Дар пайи он, ки Бахтиёр дӯсташро берун овардааст, ҳамсояҳо низ ба кумак шитофтанд.
Слава бо кумаки табибон ба по хест ва ҳоло боз дар мактаб таҳсил мекунад.
Қаблан, Бахтиёр Усмоновро Вазорати умури дохилии Русия низ қадрдонӣ намуда буд.