ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Cоати 00:03-и шаби 31 октябр дар бозори "Корвон плюс"-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқи шабонаи тактикию оташнишонӣ — амалиёти махсуси "Сӯхтор" гузаронида шуд.
Ба он ҷузъу томҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, роҳбарият, ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои он, РБДА, Раёсати тиббии ВКД ва дигар раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, аз ҷумла, кормандони шабакаҳои барқ, ёрии таъҷилии тиббӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корезии шаҳри Душанбе", масъулин ва дружинаи идоравии оташнишонию муҳофизони бозори мазкур сафарбар гардиданд.
Чуноне Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, дар амалиёти муштарак 634 нафар кормандони хадамоту мақомоти дахлдор, 47 адад воситаҳои нақлиёти сӯхторхомӯшкунию ёрирасон ва дигар техникаву таҷҳизоти зарурӣ ҷалбу истифода бурда шуданд.
Тибқи нақшаи амалиёти махсуси "Сӯхтор" гӯё дар даромадгоҳи 3-юми бозори "Корвон плюс" дар масоҳати 1200 метри мураббаъ рух дода, бинобар номусоидии обу ҳаво ва вазидани шамоли сахт, таҳдиди паҳншавии алангаи оташ ба дигар қисматҳои бозор ба миён омадааст.
"Бо назардошти вазъияти мураккаби баамаломада, роҳбарии амалиёти рафъи ҳодисаи шартиро сардори Сарраёсати мазкур, генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода бевосита ба зиммаи худ гирифт", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки бо таъсис додани Ситоди оташнишонӣ, фавран муайян намудани самтҳои асосии ҳалкунанда дар сӯхтор ва дуруст сафарбар намудани тамоми қувва ва воситаҳо ба 6 минтақаҳои муҳорибавӣ, 12 бахши хизматбарӣ, 15 нуқтаҳои назоратӣ-гузаргоҳӣ, 28 минтақаю ҷойҳои хизматбарӣ ва 2 хатсайрҳои пайраҳадории БДА, ки аз ҷиҳати интихоби мавқеъ барои дар кӯтоҳтарин фурсат хомӯш намудани сӯхтор, амнияти молу мулки соҳибкорон, ба иштирокчиёни амалиёт имкон дод, ки алангаи оташро дар ҳамаи самтҳо сари вақт пешгирӣ намуда, сӯхтори шартиро бе паҳншавӣ ба зудӣ хомӯш намоянд.
Муттаҳам дар сӯхтори бозори “Корвон” боздошт шуд
Гуфта мешавад, ки баргузории чунин машқҳои муштарак дараҷаи олии тайёрии тактикии ҳайати роҳбарикунандаву шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҳолати омодабошии масъулону кормандони дигар хадамоту мақомоти дахлдор, инчунин воситаи муҳими ноил шудан ба сатҳи баланди тайёрии муҳорибавӣ ҷиҳати рафъи ҳолатҳои сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои фавқулода маҳсуб мешавад.