Шӯхии Путин дар бораи пиразан - видео

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкРабочая поездка президента РФ В. Путина
Рабочая поездка президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин зимни боздид аз вилояти Калининград дар бораи пиразан шӯхӣ кард

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дар назди ҳуқуқшиносон дар бораи бибиҳо шӯхӣ кард.

Шӯхии навбатиро Владимир Путин зимни вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеаи вилояти Калининград, гуфт.

"Ин ҳодисаеро ба ёдам меорад, ки пиразан ба назди ҳуқуқшиносон меояд ва мегӯяд: "Ана бигӯед, ки оё  ман ҳуқуқ дорам?", - "Бале, бибӣ дорӣ". "Ман метавонам инро ҷиро кунам?" - "Не, бибӣ наметавонӣ", - шӯхӣ кард Путин.

Ин ҷавоби Владимир Путин ба пешниҳод дар бораи иваз намудани низоми харид дар соҳаи тандурустӣ буд.

Прямая линия с президентом РФ Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон
Шӯхии Путин дар бораи бойҳо ва камбағалҳо

Бояд гуфт, ки Владимир Путин шӯхӣ карданро дӯст медорад ва зуд-зуд дар мавзӯъҳои сиёсат ҳам шӯхӣ мекунад.

Чанде пеш Президенти Русия Владимир Путин пас аз суханронии ҳамтои қазоқистониаш Қосим Ҷомарт Тоқаев дар бора яроқи ҳастаӣ, шухӣ карда буд.

Шӯхии Путин дар бораи бойҳо ва камбағалҳо

Тоқаев гуфт, ки Қазоқистоон тарафдори надоштани яроқи ҳастаӣ аст, чун ҳатто кишварҳое, ки дорои ин навъи яроқ ҳастанд, наметавонанд амниятро барои шаҳрвандонашон каофлат бидиҳанд.

"Дар баъзе ҳолатҳо надоштани яроқи ҳастаӣ ва муносибати сулҳона бо ҳамаи кишварҳо хубтар аст", - шарҳ дод Тоқаев.

Шӯхии Путин дар бораи мурғ, пул ва ҷойи кораш - Навор

"Саддом Ҳусейн ҳам чунин ақида дошт", - шӯхӣ кард Владимир Вутин.

Лентаи хабарҳо
0