Раҳимзода кофтукови баъзе ашхосро бо котиби Интерпол баррасӣ кард

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода бо котиби генералии "Интерпол" Юрген Шток "шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта" - ро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Рӯзи 31 октябр дар доираи баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи Калкани "Интерпол", ки аз 31 октябр то 1  ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо котиби генералии "Интерпол" Юрген Шток вохӯрӣ намудааст.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

"Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҷустуҷӯи шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордоштаро мавриди  баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ, афзуда, Рамазон Раҳимзода  ва  Юрген Шток  баҳри  тақвияти ҳамкории минбаъда дар самти мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа  як зумра  таклифҳои судманд пешниҳод  намудаанд.

Интерпол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интерпол як шаҳрванди Тоҷикистонро ба Маскав супурд

Алоқаи хатарнок: мамониятҳои қонуни нав дар бораи истифодаи сим-кортҳо

Ногуфта намонад, ки Калкан  яке аз лоиҳаҳои калидии минтақавӣ мебошад,  ки дар доираи гурӯҳи фаврии Интерпол  моҳи сентябри соли 2002 таъсис ёфтааст.

Шоҳрух Саидзода барои овардани Хӯҷа-Командир ба Дубай рафт

Вазифаи он ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули иттилоот дар бораи ташкилотҳои террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи Калкан  соли 2004 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0