ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Илҳом Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, хабар додааст, ки ахиран аз муассисаҳои ислоҳии воқеъ дар ноҳияи Ёвон 805 маҳбус ва аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак 165 маҳбус озод шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилиояти Хатлон.
Раҳмон Қонуни афвро имзо кард: 20 ҳазор зиндонӣ бахшида мешаванд
Бино бар иттилои манбаъ, шумораи умумии маҳбусони то 29 октябр аз маҳбасҳои ҷумҳурӣ озодшуда ба 2644 нафар расидааст.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби раисҷумҳури кишвар дар солҳои истиқлол 15 маротиб қонуни афв қабул шудааст. Бори охир соли 2016 дар асоси Қонуни авф 12 ҳазор маҳбусу гумонбаршудагон аз ҷазои ҷиноятӣ озод шуданд.
Зуҳуров ба мақомот: барои пайвастани афвшудагон ба зиндагии комил чораҳои дахлдор андешед
Қонуни нави авф аз санадҳои қабулшудаи солҳои пешин доир ба афв фарқ карда, тибқи маълумоти пешакӣ, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсони ҷиноятсодирнамуда, аз ҷумла нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.