ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, як садама дар шаҳри Конбибодом ва дигаре ҳам дар ноҳияи Шаҳритус ба вуқӯъ пайвастааст.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 29-уми октябри соли 2019, тахминан соати 19:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Қулматов Ҳусейн Мамадалиевич, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Патар-Пулотон”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Патар бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Турсунов Шӯҳрат Уктамович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
"Дар натиҷа, пиёдагард Турсунов Ш.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Ҳалокати се нафар дар садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ давоми як шабонарӯз
Ҳамчунин, рӯзи 30-юми октябри соли 2019, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "КАМАЗ-5511", Аллаёров Туйдӣ Суюнович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чорбоғ ба самти деҳаи Пахтаобод, дар ҳудуди деҳаи Корез бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, автомашинаро чаппа намудааст.
Садама дар Душанбе: ҳалокату ҷароҳати мӯйсафедон аз Лахшу Тошканд
Бино ба гузориши манбаъ, дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Тангирова Сабоҳат Давлатовна, соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Пахтаобод ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Садамаи мудҳиш дар Душанбе: ронандаи ноболиғ ҳамсолашро кушт ва се ҷавонро бистарӣ кард
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.