ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар Покистон бар асари сар задани оташсӯзӣ дар қатори роҳи оҳан, дасти кам 62 нафар ҷони худро аз даст дода, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд, хабар медиҳад РИА Новости истинодан бар хабари шабакаи Geo TV.
Бар хабари манбаъ, қатора аз шаҳри Қарочӣ самти Равалпинде ҳаракат дошт. Бар тибқи маълумотҳо ахир, омили сар задани сӯхтор, таркиши балони газ будааст, ки барои омода намудани хӯрок истифода мекарданд.
Заминҷунбии 5.8 балла дар Покистон мунҷар ба ҳалокати 24 нафар гардид
Гуфта мешавад, сӯхтор дар як муддати кӯтоҳ се вагони қаторро фаро гирифта, ҳамаро сӯхта хокистар намуд.
Манбаъ аз қавли вазири роҳи оҳани Покистон Шайх Рашид хабар медиҳад, ки аксари қурбониёнро нафароне ташкил медиҳад, ки аснои сӯхтор худро аз қатор ба берун ҳаво доданд. Вазир гуфтааст, ки давоми чанд соати баъдӣ, ҳаракати қатор тариқи роҳ оҳан барқарор мешавад.
Зимнан, пизишкон мегӯянд, ки то ҳол танҳо шахсияти як қисмати қурбониён муайян гардиданд, зеро дар аксари ҳалокшудагон сӯхтаҳо чунон шадиданд, ки муайян кардани ҳувияти онҳо имконнопазир аст.