Доварони "Зебосанам - 2019" хонандаи суруди Муқаддас Набиеваро гирён карданд - видео

Обуна шудан
Доварони озмуни "Зебосанам - 2019" аз ноҷур сароидани суруди шодравон Муқаддас Набиеваро аз ҷониби иштироккунандаи озмун хашмгин шуданд

Дар ноҳияҳои тобеи марказ даври аввали озмуни "Зебосанам - 2019" баргузор шуд. 

Конкурс красоты в Таджикистане - Зебосанам - 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Нигина Амонқулова арзёбӣ кард: "Зебосанам - 2019" дар Панҷакент - видео

Ба ҳунару зебогии духтарон чаҳор довар - ҳунарманди театр ва кино Моҳпайкар Ёрова, корманди соҳаи телевизион ва радио Дилхоҳи Нозиршоҳ, ҳунарманди маъруф Фахриддин Малик ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова баҳогузорӣ карданд.

Нигина Амонқулова арзёбӣ кард: "Зебосанам - 2019" дар Панҷакент - видео

Духтарони зиёде барои намоиши ҳунару истеъдоди худ ба ин озмун омада буданд.

Иштирокчии таҳти рақами 14 Гулмадова Дилрабо дар озмун ҳунари дузандагӣ ва овозхонии худро пешкаши доварон кард.

Ӯ эълон намуд, ки суруди шодравон сарояндаи номии тоҷик - Муқаддас Набиева "Тоқӣ ба сарам" - ро месарояд.

"Ман мехоҳам суруди Муқаддас Набиеваро сароям", - мегӯяд Дилрабо ва доварон бо таваҷҷӯҳи зиёд овозхонии ӯро гӯш мекунанд.

Вале, пас аз хондани ду мисраи суруд доварон аз ноҷӯрии овози "зебосанам" ба хашм омада якбора - Ҳаётой Муъминова, Моҳпайкар Ёрова ва Дилхоҳи Нозиршоҳ тугмаи "сурх"-ро пахш карданд.

Конкурс Зебосанам - 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкор ва модари ду фарзанд: Мафтуна мехоҳад ситораи синамо шавад - видео

Дар ҳамин ҳол Фахриддин Малик барои руҳбаланд кардани Дилрабо тугмаи сабзро пахш кард, вале як тугмаи сабз барои гузаштан ба даври дуюм имкон намедиҳад. Дар ҳамин ҳол ашки чашми Дилрабо равон шуду ӯро ҳеҷ кас натавонист ором намояд.

Марҳилаи аввали озмуни ҷумҳуриявии “Зебосанам -2019”, 6 август дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва даври дуюм ва ниҳоии он моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Мақсад аз гузаронидани озмунро эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Озмун аз рӯи шартҳои муаррифии ҳусни зебоии табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0