Тақдими дучарха ба кӯдакони ятим ва дучархаронии вазиру амир бо фармони Бердимуҳаммадов

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПрезидент Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов на заседании Совета глав государств
Президент Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов на заседании Совета глав государств - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дучархаҳояшро ба тарбиятгирандагони хонаи ятимон туҳфа кард

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ҳукуматдорони Туркманистон, раҳбарони созмонҳои иҷтимоӣ ва ректорони донишгоҳҳо бо фармони президент аз хонаи ятимони "Döwletliler köşgi" (Қасри кӯдакон) дар шаҳри Ишқобод боздид карда ба тарбиятгирандагони ин даргоҳ дучархаҳо тақдим карданд, хабар медиҳад рӯзномаи русии "Нейтральный Туркменистан".

Ин дучархаҳо оддӣ нестанд. Рӯзнома қайд мекунад, ки "пештар дучархаҳои мудели навтарин ба президенти кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои саҳми арзанда дар рушди варзиши миллӣ ва байналмилалӣ, тақдим шуда буданд".

"Ду дона дучархаи дигарро кишвардор ба "Осорхонаи фарҳангӣ", ки дар бинои нави Вазорати варзиш ҷой гирифтааст, тақдим кардааст", - омадааст дар хабарнома.

Тарбиятгирандагони хонаи кӯдакон даррав савори дучархаҳояшон шуда, ба раисиҷумҳурашон изҳори миннатдорӣ кардаанд.

Заявка принята! Президент Туркменистана хочет купить всю линейку Aurus - Sputnik Тоҷикистон
Савдои гарм: Медведев бо лимузинаш Бердимуҳаммадовро қоил кард - Видео

Пас аз ин ятимон ба веломорофон, ки ба ҳамин рухдод бахшида шуда буд, ба раҳбарони созмонҳои иҷтимоӣ ва ректорони донишгоҳҳо ва варзишкорон пайвастанд.

Даъвати Бердимуҳаммадов аз Раҳмон: бо сафари расмӣ ба Туркманистон биёед

Солҳои охир дар Туркманистон тарзи ҳаёти солим ва бахусус дучархаронӣ тарғибу ташвиқ мешавад.

Бо пешниҳоди Туркманистон дар дар ҷаласаи 72-юми Ассамблеяи СММ дар соли 2018 - 3 июнро Рӯзи ҷаҳонии дучарха эълом карданд.

Лентаи хабарҳо
0