Усмонова дар бораи баромадҳои дар пешистодааш ва хусусиятҳои шоу-бизнеси муосир дар мусоҳиба ба хабарнигори агентии иттилоотии Sputnik мулоҳизаҳои худро иброз дошт.
- Дар миёнаҳои моҳи ноябр консерти шумо дар яке аз калонтарин майдонҳои Маскав баргузор мегардад. Лутфан дар бораи ин чорабинӣ маълумот диҳед! Шумо нақшаи дар ягон дар ягон кишвари дигар бо консерти идона баромад кардан доред?
- Маскав ин яке аз нуқтаҳои сафари ҳунарии ман ба шумор меравад. Ҳамчунин баргузории консертҳо дар шаҳрҳои мухталифи кишварҳои ИДМ ва ИМА дар назар аст.
Фикр мекуна ин як мувафақияти калон мешавад. Ман бисёр омодагии ҷидӣ дидаистодаам, чунки вақте дар саҳна бо овози зинда баромад мекунӣ ин маҳорати баланд ва касбияти дараҷаи олиро талаб мекунад.
Барои мухлисони Маскавам мехоҳам суриди навам “Санам-эй”-ро иҷро намоям. Фикр мекунам ин яке аз беҳтарин сурудҳои ман хоҳад буд. Дар маҷмуъ барнома якранг нест: сурудҳои ҷолиби куҳна ва ва хитҳою оҳангҳои наве, ки “танҳо аз тандур канда шудаанд” пешкаши мухлисон мегарданд.
Сурудҳо бо забонҳои русӣ, хитойӣ, тоҷикӣ, узбакӣ ва туркӣ садо хоҳанд дод.
Умедворам, ки консерти ҷолибе хоҳад шуд. Фикр мекунам дар Русия хоҳишмандон зиёданд. Ҳамеша дар консертҳоям 7-8 ҳазор тамошобин ҷамъ мешуд. Ман дар ин кишвар мухлиси зиёд дорам.
- Кадом шаҳри Русияро дӯст медоред?
- Ман дар Русия гоҳ-гоҳ мешавам, охирон бор 2-3 сол пеш будам. Маро зебогии шаҳрҳои хурду покиза тасхир мекунанд, аммо ман шаҳри худам – Ташкентро зиёд дӯст медорам.
- Шуморо чи дар Узбакистон ва чи хориҷа “примадонаи” узбак мегӯянд. Ба фикратон шумо аз Алла Пугачева чӣ тафовут доред?
- Алла Борисовна дар ҳақиқат примадона аст ва мо дар ҳавои сурудҳои ӯ калон шудаем. Аммо эҷодиёти мо бо ӯ каме фарқ мекунанд: ман зиёдтар дар бораи дарду ғами миллат месароям, аз ишқу муҳаббат камтар. Фарҳанги моро нафаҳмида суруд хондан он қадар мувофиқ нест. Мо на Русия ва на Амрикоем, танҳо яке аз кишварҳои ИДМ мебошем. Мо дар Узбакистонем ва бояд хоҳиши мухлисони худро донем ва мувофиқи он бояд матни суруд интихоб кунем.
- Шумо бо ҳунармандони дигар кишварҳо сурудҳои бадеҳа хондагиед. Мақсади хондани ягон суруд бо ягон ҳунарманди русро доред?
- Ҳоло ман мақсади суруди якҷоя бо ҳунармандони русро надорам. Ман бо ҳофизаи тоҷик – Шабнами Сураё суруди якҷоя хондаем, чунки ӯ шогирди ман аст. Шабнам бисёр духтари нағз аст. Боре вай меҳмони ман буд ва мо дар бораи суруди бадеҳа сухан гуфтем ва қарор гирифтем, ки чунин суруд сароем. Албатта дар Туркия низ ин корро кардаам, аммо ин ҳама ба хотири ба даст овардани қалби мухлисон аст.
Миёни эстрадаи рус ман шиносҳои зиёд дорам, аммо ман наметонам онҳоро шахсони наздики худ гуям. Ҳамчунин равиши эҷодии мо аз ҳам фарқ мекунад.
Ҳамчунин агар аҳамият дода бошед овозхонҳои рус бештар танҳо бо забони худашон суруд мехонанду халос. Чунки онҳо дар ватани худ мухлиси басанда доранд. Барои ман мухлисони ватани басанда нестанд. Ман мекафам агар бо дигар забонҳо низ суруд нахонам ва худро насанҷам. Албатта ман метавонам танҳо барои миллати худ хонаму ба ин таҳамул кунам, аммо ман ин хел нестам, намехоҳам як чизро ба такрор хонаму хонам.
- Шумо ҳамеша дар шаклҳои нави ва бо забонҳои гуногун суруд мехонед. Ба фикри шумо мухлисони узбак то куҷо аз сурудҳои хориҷӣ истифода мекунанд? Ба онҳо мусиқии русӣ писанд аст ё оҳангҳои англиси ба наздики эстрадаро пахш мекунанд?
- Мо ҳеҷ гоҳ на русзабон на англисзабон мешавем. Вақте, ки ситораҳои рус дар Тошканд консерт медиҳанд аз дигар вилоятҳо мухлисон кам меоянд, танҳо онҳое меоянд, ки пул доранд. Ҳамчунин ин бисёртар барои одамон пурнуфуз аст.
Ба фикри ман ҷавонони мо на он қадар зиёд ситораҳои хориҷиро гӯш намекунанд. Ин хоси мухлисони мост. Дар умум узбакҳо сурудҳои миллии худро гӯш мекунанд. Масалан дар маҷмуаи эҷодиёти ман сурудҳо бо забонҳои гуногун садо медиҳанд, ки ин ҳеҷ бадие надорад. Масалан суруди “Модар” дар дунё машҳур шудааст, чунки модар модар аст ва новобаста аз миллият дар ҳама ҷо азиз дониста мешавад.
Ба ҳар ҳол ҳамаи шаҳрвандони моро мебояд, ки камаш се забони хориҷиро донанд, ин ҷо гарп дар бораи фарҳанг ва гӯш кардани мусиқӣ намеравад, инро зиндагӣ талаб мекунад. Ман худам фарзанди Шӯравӣ ҳастам, мо забони русиро хуб медонем, чунки як қисмати оилаи мо дар мактаби русӣ қисмати дигар дар мактаби узбакӣ таҳсил мекарданд. Дар мактаби русӣ хондан сади роҳамон нашуд, то ки фарҳанги миллиамонро гум кунем. Мо чӣ қадарем? 40 миллион, чӣ аст 40 миллион? Ин 150 миллион ва ё ним миллиард нест. Мо бояд чандин забон донем. Ва забони руси бароям мисли забони модарӣ бошад.
Мо бо Русия қариб, ки ҳамсоя ҳастем, онҳо бародарони калони мо мебошанд. Худо нишон надиҳад, агар чизе шавад якум онҳо ба мо дасти кумак дароз мекунанд. Америка албатта хуб аст, ман ба ин кишвар эҳтиром қоилам. Куҷоеро, ки забт накарда бошанд ҳам зиндагии хуб доранд. Аммо онҳо аз мо дур дар он тарафи уқёнус мебошанд. Мо наздик ба Русия, бо бародарони худ ҳастем ва ҳаминхел мемонем. Мо бояд забони русиро донем.
- Яке аз мавзуъҳои доғ барои ҳунармандони узбак ин гирифтани иҷозатнома мебошад. Бисёриҳо аз ин кор норозиянд ва инро маҳдудият барои ҳунармандон медонанд. Шумо вобаста ба ин чӣ фикр доред?
- Низоми иҷозатномагириро махсусан ман ҳангоми вакили парлумон буданам пешниҳод карда будам. То ин вақт боҷро барои артистон 50 дар сад боло бурда буданд, ки ин аз ақл бегона буд. Иҷозатнома ин мисли патентест, ки иҷозаи болои саҳна баромаданро медиҳад. Аммо ҳунар овози хуб дорад ё на аз иҷозатнома вобаста нест.
Барои он ки эстрадаро аз овозхонҳои беҳунару ғайри касбӣ тоза кард, бояд ки маҳдудиятҳо ҷорӣ бошанд. Дар ҳама кишварҳо меъёрҳои муаяне вуҷуд доранд. Вақте, ки баъзе маҳдудиятҳо буданд ҳамааш хуб буд. Моро на танҳо забонам олуда шудааст, балки фарҳангамон низ паст шудаистодааст, ҷавононамон дар автобусҳо ба калонон ҷой намедиҳанд.
- Шумо то куҷо сахтгир ва ҷиддӣ ҳастед?
- Ҳа ман бисёр бераҳм мебошам, ҳатто нисбат ба худам. Ман дар ҳама ҷо ва ҳама кор росташро мегуям. Баъзан нисбати худам бераҳми мекунам, бе ин намешавад. Ба ман касе ҳам раҳм надорад. Худро дӯст доштан ва дар оина худро нигариста “чихел ман зебоям” гуфтан мумкин нест. Бояд гуфт, ки “Ман чихел безебам аз дастам чизе намеояд!”. Ҳар касе, ки ба чунин муносибат нисбати худ қодир аст метавонад худро ҳам зебо кунад. Гунаҳкоронро ҷустан нашояд, зиндагӣ ҳамаро ҷо ба ҷо мекунад.
Ёдрас мешавем, ки Юлдуз Усмонова рӯзи 13-уми ноябри соли ҷорӣ дар Русия бо консерти бошукӯҳи ҷашнӣ рӯи саҳнаи Crocus City Hall-и Маскав ва рӯзи 14 ноябр дар толори варзишии "Тинкофф арена"- и Санкт-Петербург, ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Ба репертуари Юлдуз Усмонова, беш аз 600 тарона бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, туркӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ, ӯйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, форсӣ ва дигар забонҳо дохил мешаванд.
Миёни мухлисони тоҷик Юлдуз Усмонова бештар бо суруди “Биё, ҷонам, биё”, матни шоираи тоҷик Офоқ, ки соли 2008-ум эҷод шудааст, маъруф аст.
Ҳамчунин Юлдуз Усмонова суруди дигаре аз ашъори шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ - "Намекунӣ" хонда буд, ки низ хеле шӯҳратёраш кард.
Юлдуз Усмонова бо ҳамсараш ба Душанбе омад, Шабнам Сурайё ба пешвози ӯ баромад - навор
Соли 2009 Юлдуз Усмонова ҳамроҳи маэстро Далер Назаров рӯи саҳнаи Кохи Борбад ҳунарнамоӣ карда, суруди машҳури ин овозхон - "Чак чаки борони баҳор", - ро сароида буд.
Юлдуз Усмонова рӯзи 12 декабри соли 1963 дар Марғилони вилояти Фарғонаи Узбакистон ба дунё омадааст.
Ӯ ҳунарманди мардумии Узбакистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон мебошад.