Раҳмонзода: миёни ҷавонон бояд ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ ва ватандӯстиро бедор намоем

© © Sputnik / Амир ИсаевПомощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода
Помощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёрдамчии раисҷумҳури кишвар зимни мулоқот бо фаъолон ва роҳбарони идораҳои давлатии шаҳриву минтақавӣ вилояти Хатлон таъкид кард, ки миёни ҷавонон бояд ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ ва ватандӯстиро бедор намоем

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ахиран дар толори маҷлисгоҳи Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо фаъолони шаҳри Кулоб, баргузор гардид.

Берцы - Sputnik Тоҷикистон
Файзов ба наваскарон ҳуҷҷати ронандагӣ доду ба хизмат гусел кард

Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Хатлон хабар додааст.

Дар ҷаласаи мазкур инчунин муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Бахтиёр Лангариев, сардорон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳриву минтақавӣ, директорони муассисаҳои таълимии олию миёна, раисони ҷамоатҳои деҳот, имомхатибон ва фаъолони шаҳр иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода, дар бораи ҷалби ҷавонписарони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон изҳори андеша кард.

 “Мо бояд дар замири ҷавонон ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ ва ватандӯстиро бедор намуда, байни аҳолии осоишта ва ҷавонон корҳои тарғиботиву ташвиқотиро зиёд намоем”, - зикр кард ёрдамчии Президенти мамлакат.

Раҳмонзода ба директори ТВ “Кӯлоб”, сармуҳаррирони рӯзномаҳои МИҲД-и шаҳри Кӯлоб супориш дод, ки дар барнома ва саҳифаҳои худ гузоришу мақолаҳои дорои мазмуни ватандӯстию ватанпарастиро бештар намояд.

Лентаи хабарҳо
0