Дуздии зани 40 - сола: 14 ҳазор сомониро ба яғмо бурд

Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошт шудани сокини 40 - солаи Истаравшан хабар медиҳад, ки дар дуздии маблағ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия зани 40 - соларо боздошт намуданд, ки дар дуздии 14 ҳазор сомонӣ даст доштаст.

Одинаев Маҳмадӣ ва Саидов Ҷаҳонгир, ду қолиндузд - Sputnik Тоҷикистон
Боздошт шуданд: Раёсати ВУД зарари қолиндуздҳоро 50 000 сомонӣ гуфт - навор

Манбаъ меафзояд, ба Шӯъбаи ВУД дар шаҳри Истаравшан марди 29 сола бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудаст,, ки шахсони номаълум ба мағозаи  ӯ воқеъ дар маркази савдои "Дилшоди Барно" даромада, аз он ҷо як адад борхалтаи занона дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар шаҳри Ваҳдат навраси 17 - сола ба рабудани автомашина гумонбар дониста мешавад

Номбурда изҳор намудаст, ки дар дохили ин борхалта 14 ҳазор сомонӣ нигоҳ дошта мешуд, ки тӯъмаи дуздон гардид.

Зимнан, кормандони милитсия зани 40 - сола сокини деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.

Боздошти як гурӯҳ дуздони кисабур дар бозори “Султони Кабир”

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0