"Ҷон додаракам": чигуна пайвандон зиндониёни авфшударо дар Хуҷанд пешвоз гирифтанд - видео

Обуна шудан
Нахустин гурӯҳи зиндониёни авфшуда дар вилояти Суғд, имрӯз 29 октябри яоли 2019 аз дари маҳкама берун шуданд.

Дар вилояти Суғд аввалин гурӯҳи зиндониёни авфшуда ба озодӣ баромаданд. Дар навор ашки шодии падару писар, хоҳару бародар, модару духтар ва бибию набера ба таври возеҳ намоён аст.

Авфи зиндониён дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Аз интизорӣ то ашки шодӣ: авфи 2800 зиндонӣ дар Суғд - акс

Зани пиронсоле ба истибои ҳамсараш ашки шодӣ рехта аз хурсандӣ ба сароидан медарояд. Ҳамчунин дар навор ду ҷуфт дида мешаванд, модар писари озодшудаи худро ба канор мегирад ва духтаре аз дидани маъшуқаш ӯро чанд бор ба оғӯш мегирад.

Фаррух Ҷалилов муовини сардори муассисаи ислоҳии низомаш сахти рақами 3/3 мегӯяд, ки аз муаассиаи онҳо имрӯз 142 кас ба озодӣ баромад.

Назарзода Иброҳим Амонулло, нозири калон оид ба таъмини ҳуқуқи конститутсионии маҳкумшудагон дар Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия дар вилояти Суғд, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, бар асоси  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф дар соли 2019  беш аз 2800 нафар онҳое, ки дар Суғд зиндонӣ шуда буданд ва ё айбдору гумонбар ба ҳисоб мерафтанд, авф карда шудаанд.

"Аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд, тавқифгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Истаравшан ва муассисаҳои ислоҳии низомашон пурзӯр ва сахт ва муассисаи ислоҳии сукунатӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров дар маҷмӯъ беш аз 2800 нафар маҳкумшудагон, судшавандагон ва айбдоршавандагону гумонбаршудагон озод карда шудаанд, ки шуморе аз авфшудагонро аъзоёни ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ташкил медиҳанд”, - гуфт Амонулло.

Хешу ақрабои зиндониёни озодшуда дар навор аз ибтикори раисиҷумҳури Тоҷикистон барои авфи 20 ҳазор зиндонӣ истиқбол карда, дар ҳаққи ӯ дуо мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0