Номаи сипоси Зубайдзода ба Шамсиддин Орумбекзода

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонШамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба унвони вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи сафири Тоҷикистон дар Кувайт, номаи сипос ворид шудааст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ба вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдзода номаи сипос омадааст.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар матни нома ба вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, сардори раёсати санъати вазорат Мирзоолим Саидов, роҳбари Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо” Олимҷон Акрамов ва якчанд кормандони ин ниҳод барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 18 октябри соли 2019 дар шаҳрҳои Душанбе, Норак ва ноҳияи Варзоб, самимона изҳорӣ миннатдорӣ карда мешавад.

Шайхҳои араб ва оши тоҷикӣ: рӯзҳои фарҳангии Кувайт дар Тоҷикистон - навор

"Таваҷҷӯҳи махсус ва роҳнамоии бевоситаи Шумо – мӯҳтарам вазир буд, ки чорабинии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, роҳбар ва аъзоёни ҳайати қувайтӣ аз сатҳи баргузории он қаноатманд шуданд ва аз ҳусни истиқбол ва меҳмоннавозии гарму самимона бо хотироти некӯ ба ватани хеш баргаштанд”, - омадааст дар матни нома.

Зубайдулло Зубайдов: Тоҷикистон аз ҳокимият ва истиқлоли Сурия ҳимоят мекунад

Манбаъ афзуда, ки дар фарҷоми нома Зубайдулло Зубайдзода Вазорати фарҳанг баҳри муаррифии санъату фарҳанги Тоҷикистон дар саҳнаи ҷаҳонӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни кишварҳо дастовардҳои нав таманно намудааст.

Лентаи хабарҳо
0