Модар баъд аз 30 сол фарзандони гумшудаашро дар Тоҷикистон пайдо кард - навор

© Sputnik Женщина плачет, архивное фото
Женщина плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Модаре кушиш мекард фарзандони худро пайдо кунад ва ба хона баргардонад, аммо ҷои он аз Тоҷикистон номаи гирифт, ки дар он хабари марги фарзандонаш Рустаму Зарина навишта шуда буд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Валентина Александровна Дрейко соли 1986, вақте, ки ӯро аз ҳаққи волидайн буданаш маҳрум карданд, бе фарзанд монд.

Вай нақл кард, ки бо шавҳари худ сокини Осиёи миёна дар Ҷумҳурии Коми шинос шудааст. Вай шахси низомӣ буд ва дар онҷо дар сафи артиш хизмат мекард.

“Мо бо ҳам зиндагиро шурӯъ кардем ва сипас ман соҳиби писар шудам. Исми писарам Рустам. Пас аз хизмат мо ба Осиёи марказӣ барои зиндагӣ куч бастем ва дар соли 1977 ман соҳиби духтар – Зарина шудам. Аммо, дар Тоҷикистон ман зиндагӣ карда натавонистам, чунки ман зани рус будам ва барои ман бисёр душвор буд. Ман фарзандонамро гирифтаму ҳамроҳ ба минтақаи Ухта рафтем. Онҷо ба майнӯшӣ даст задам. Ба ҳамин хотир, ҳукумат аз дасти ман кӯдаконро гирифт”, - гуфт Валентина.  

Сипас маълум шуд, ки аз хонаи кӯдакон Рустам ва Заринаро падараш гирифта ба Тоҷикистон бурд. Ӯ кӯдаконро бо худ бурд ва дар давоми 30-сол дар бораи модари худ хабаре надоштанд.

Талошҳои Валентина барои баргардонидани фарзандонаш бефоида буд, аммо рӯзе ба ӯ номае бо ному нишон расид, ки дар он дар бораи марги Рустаму Зарина навишта шуда буд. Аммо қалби модариаш ҳамеша мегуфт, ки фарзандонаш зинда, сиҳату саломатанд.

Рӯзе Валентина ба барномаи “Жди меня” номае равон кард ва дар он дар ҷустуҷӯи фарзандонаш кумак хост. Рӯзноманигорон ӯро ба барнома даъват намуданд. Ҳамон рӯзҳо ба рӯзноманигорон хабаре расид, ки Рустаму Зарина дар Тоҷикистон пайдо шуданд.

Ва ниҳоят баъд аз 30-сол фарзандони Валентина бо ашк дар чашм ӯро  дар студиёи барнома ба оғуш гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0