ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, имрӯз қурби миёнаи як 1 рубли русӣ дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1514 то 0.1535 сомониро ташкил медиҳад.
Арзиши фурӯши як доллар дар бозори нақд аз 9.6918 то 9.7000 сомонӣ ва 1 евро аз 10. 7657 то 10. 8000 сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ дар бозори ғайринақдӣ барои 1 доллари ИМА - 9.6918 сомонӣ, 1 евро - 10. 7657 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1514 сомонӣ муқаррар кардааст.
БМТ ҳушдор додааст, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.
Болоравии қурби рубл дар ҳолест, ки аксари муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия бо ин асъор маош мегиранд.