ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Қодиров аз қатли Бен Лоден зикр кард, ки баъди сари ӯ низ шабакаи террористии “Ал-Қоида” фаъолияташро давом дода истодааст.
Раисиҷумҳури Чеченистон дар саҳифааш дар шабакаи Telegram, навиштааст, ки марги Ал-Бағдодӣ ба ӯ суханҳои Тарас Булба ба писарашро ба ёд меоранд, ки гуфта буд, “туро ман зодам, худам мекушам”.
“Абубакр ал-Бағдодӣ боз кушта шуд? Ба хотир суханҳои Тарас Булба меоянд, ки ба писараш Андрий гуфта буд: “Ман туро зодаам, худам мекушам”. Бен Лоден кушта шуд, аммо Ал-Қоида зинда аст. Марги Бағдодӣ кам чизеро тағйир хоҳад дод, агар террористҳо ба хубу ганда гуруҳбандӣ шаванд”, - изҳор дошт Қодиров.
Инчунин Қодиров зарурати тоза кардани қаламрави Сурияро аз террористҳо таъкид кард.
Қаблан нашрияи Defense One хабар дод, ки мақомоти ИМА дар як амалиёти вижа дар Сурия роҳбари созмони “ДОИШ”, Ал-Бағдодиро нобуд карданд. Расман ин иттилоъ то ҳол тасдиқ нашудааст, аммо дар Кохи Сафед хабар доданд, ки рӯзи якшанбе Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА изҳороти муҳимеро ироа хоҳад кард.