Мария Бутина: маҳбасхонаҳои Амрико мисли дузаханд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкМария Бутина
Мария Бутина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мария Бутина, ки 18 моҳро дар маҳбасхонаи Амрико паси сар кард, ахиран озод шуд ва имрӯз ба Русия баргашт

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бутина дар бораи боздошту  даҳшати зиндонхонаи  Амрико ва ҳамчунин аз нақшаҳои минбаъдаи худ ба Sputnik ва RT нақл намуд

Мария  Шумо муддати чанд соат мешавад, ки пас аз ҳабси 18 моҳ Амрикоро тарк кардад ва феълан оё дарк мекунед, ки ин ҳама даҳшат акнун бароятон хотима ёфт?

Ба назарам чунин мерасад, ки зиндагии ман  ба  ду қисмат тақсим шудаст. Ман хуб дарк мекунам, ки ин ҳама даҳшатро паси сар кардам, вале боз ба назарам чунин мерасад, ки ин ҳама ҳодисот бо ман рух надодаст. Ман бисёр роҳат ҳастам ба мисле,  ки дар биҳишт бошам.

Охирин рӯзи Шумо дар маҳбасхонаи Амрико чӣ гуна сипарӣ шуд?

Ҳама чиз берун аз нақша сурат гирифт. Маро мебоист соати 8:00 субҳ аз боздошт мегирифтанд, вале маро ду соат қабл аз вақти муайяншуда берун оварданд.

Участники договоренности об освобождении между Россией и Украиной прилетели в Москву - Sputnik Тоҷикистон
Бозгашти Кирилл Вишинский ба Маскав - видео

Нахуст маро назди касса оварда маблағи коркардагии маро доданд. Ҳар моҳ ман наздики 28 доллару 80 сент кор мекардам.

Бисёриҳо мегӯянд, ки маҳбасҳои Амрико биҳиштанд, вале ман комилан зидди ин иддао ҳастам. Зиндонҳои Амрико дузаханд!.

Маҳбусонро ғуломвор кор мефармоянд ва дар сурати саркашӣ намудан аз кор, маҳбусро ба утоқи “изоляторӣ” мебаранд.

Метавон гуфт, ки дар маҳбасхонаҳои Амрико ғуломдорӣ побарҷо аст.

Зимнан, пас аз додани ҳақмуздам маро дубора паси панҷара маҳкам карданд. Ҳарчанд талаби наҳорӣ хурданро намудам, лек маро бе хӯрок монданд.

Ҳамоиш ба ҷонибдорӣ аз Вишинский дар Маскав зери шиори ҳақиқат хиёнат нест

Сипас бо гузашти ду соат маро боз берун овардан ва тариқи дари иловагӣ аз дохили маҳбасхона берун карда,  савори мошин намуданд.

Ба идораи муҳоҷират оварданд ва он ҷо беш аз 4 соат интизор шудам ва ахиран маро ба фурудгоҳ гусел карданд.

Пас аз фуруд омадан аз хатсайри Таллахас – Майам маро боз дар як утоқи фурудгоҳ маҳкам карданд.

Ҳанчанд қаблан ваъда доданд, ки метавонам ба падарам тамос гирам, вале боз ваъдахилофӣ карданд. Ахиран тавассути дари ақиб маро вориди ҳавопаймо карда бо ман хайри хуш карданд.

Замоне, ки бидуни ҳузури пулис дар ҳавопаймо нишастед ва роҳ сӯи ватанро пеш гирифтед, чӣ таассурот шуморо фаро гирифт?
 Ман чашмонамро сахт пӯшидам ва Худовандро сипоспосгузорӣ мекардам. Дуо хондам.

Замони дар маҳбасхона низ қарор доштанам,  хаёлан ба худ сурае аз китоби Библия тасаввур мекардам, ки дар он гуфта мешавад. “Ҳатто агар аз қаҳри уқёнум ҳам убур карданӣ бошӣ, дон, ки ман пайваста ҳамроҳат хоҳам буд”. Худованд маро дар тамоми мушкилиҳом ҳамроҳ буд.

Лентаи хабарҳо
0