ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар Иордания аснои бозии футболи занонаи қаҳрамонии Осиё ҳодисае рух дод, ки тамошобинонро шигифтзада кард. Бархурд намудани футболбозон ба як рақиби ҳиҷобпӯшашон наворбардорӣ шуда, дар шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳон роҳ ёфт ва наздики 4 миллион корбар онро тамошо ва баҳогузорӣ намуданд.
Бозӣ миёни дастаҳои занонаи "Клуби провославии араб" ва "Шабоб ал-Ордон" сурат гирифт, ки дар ҷараёни бозӣ рӯймоли яке аз футболбозони дастаи Иордания аз сараш поён шуд.
Дар ин асно рақибони ӯ дастаҷамъона футболбозро гирд карданд, то дур аз чашми мардум рӯймоли худро баспас бубандад, хабар медиҳад сомонаи Eurosport.
Чунин бархурд намудани рақибони футболбоз аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд ва ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар ҳаққи футболбозон чандин шарҳҳои мусбат кошта шуд.
Аз ҷумла як корбар навиштааст, ки "агар худ ҷонибдори ҳиҷобу сатр набошад ҳам, лек коре, ки футболбозон анҷом доданд дар асл ҳам боиси таҳсину афаринхонӣ аст".