ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Тавре Шукурҷон Зуҳуров риси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, зимни суханрониаш пас аз қабули Қонун “дар бораи афв” таъкид намудааст, ки мақомоти ваколатдори соҳавӣ, аз қабили меҳнат ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва соҳаи маориф барои кумак ба нафарони афвшуда низ бояд ҷалб карда шаванд.
Пешниҳоди Раҳмон қабул шуд: Парлумони Тоҷикистон қонуни афвро тасдиқ кард
Вай афзуд, барқарор намудани саломатии баъзе аз авфшавандаҳо, ба омӯзишу таълим ва ба ҷойи кор ҷалб шудани онҳо аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешавад.
Авфи 20 ҳазор нафар: Раҳмон қонун дар бораи авфро ба Парлумон пешниҳод кард
Шукурҷон Зуҳуров изҳори боварӣ намудааст, ки вазорату кумитаҳои масъул ва идораҳои дахлдор, алалхусус мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи волову шоиста татбиқ намудани муқаррароти Қонуни мазкур тамоми зеҳнияту имконияти худро равона месозанд ва барои пайвастан ба зиндагии комил чораҳои дахлдору саривақтӣ меандешанд, то ки реинтегратсияи авфшудагон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар бо муаффақият амалӣ гардад.